Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ҷунун дорад ў. Дар ду ҳолат мегирад: гоҳе ки ба майдони набард дарояд ва оне ки пирўз гардад. Вале андаке шикаст пеш ояд, шери жаён назди ў чизе нест. Баъд ба худ ояд ва андешад...
Ҳолиё низ сахт олуғда бувад, ки суғдиёнро на ҷанг аён бошад, на гурез, на муросо. Оташ задани рустои атроф кам будааст.
Бештар бояд сўхт. Аз ин рў гурўҳу дастаҳо ҷудо кард барои фаро овардани хасу хошок ва ҳезуму сўзишвориҳои дигар, то оташ занад марзу бумро. Вале шабҳангом гурўҳи номаълуме (ба андешаи мақдуниён роҳзанҳои барбарӣ) бо усули шабравиҳои Искандар тохт овард бар онҳову сипоҳи атрофи шаҳр. Талафоти зиёд доду рабуд ва ғайб зад ҷониби рўди Политимитет (Фушун, Согдо, Нимич, Зарафшон). Искандар бо ҳамон нафрату хашме, ки дошт, ситехту овехт аз пайи онҳо. Ва донист, ки бо «барбарҳо»
андар кўҳистон ситезидан саҳл нест, бардаҳои чолоку кўҳгарду ҷасурро пазируфт ба ҷанги эшон. Гарчӣ хавф зиёд буд, бар асари онон рафт Искандар. Роҳзанҳои сиҳазораи суғдӣ чу мўру малах ва мору сусмор часпиданд ба кўҳ; ҷой гирифтанд андар камару вартаву паси сангу харсангҳо ва нигарон шуданд наздик омадани мақдуниёнро. Чун пеш омаданд сарбозони сипоҳи Искандар, суғдиён тирборон карданд ногаҳон. Кўҳнавардони мақдунӣ, ки омўхта буданд кўҳҳои Машриқро ва медонистанд усули ҷанги эшонро, осема ва шитобзада нагашта, бо тамкин, гургонаву рўбоҳиёна аз санге паси санге мехазиданд. Аз осмон чу жола мерехт тирҳои «роҳзанҳо» ва безобита мекард душманро. Яке тир расид бар шонаи Искандар. Сипаҳсолор аз ҷанг бозмонд. Вале фармуд, то барбарҳоро хок бибезанд, мурдаашон буни сангҳо бошад; каргасҳои баднамо хўранд онҳоро. Сипоҳи ғазабкардаи мақдунӣ ончунон шўрид ва ситезид, ки тирборони онҳоро баргардонд. Гўйӣ миёни ду шохи каждум гирифт барбарҳоро, то дурусттар нешу заҳр занад. Қариб сари ҳар харсанг ё пасу буни он як ё ду ҷасад мехобид. Ончунон ҷангиданд, ки мурдапўш шуд кўҳ. Сари сангҳо ва тани шахҳо хун ҷўя баста буд. Аз дур чун лола метобид санг.
Ва ҷо-ҷо хун омехт бо рўди Согдо. Аз дастаи сиҳазораи суғдиён ҳашт ҳазор сарбози зинда боқӣ монд, ки асири мақдуниён гашт.
Бо фармуди Искандар сарбозони савораву пиёда ҳезумчинони дучори роҳзанҳо шуда аз кўҳпора пешдаргирону ҳезуму хасу хошок оварданд, то дубора рустоҳоро ва атрофи шаҳрро оташ зананд.
Ва мақдуниён сари ғазаб чунин рафтор карданд ва Мароқанд оташистон шуд. Андар диж будагон забони оштӣ пеш оварданд.
Дарвозаҳо кушоданд. Хони нону намак бароварданд. Ва Искандар Мароқандро соҳиб шуд. Аммо дар ин ҷо низ Спитамон набуд. Искандар шағолеро мемонд, ки сайд аз даст дода бошад. Он рўҳияе ки гоҳи пирўзӣ ва ба даст овардани шаҳрҳои Эрон дошт, ҳолиё надошт; пирўзӣ ва шодкомӣ ва базму тараб кардан намехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор