Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гордҳо, фавҷҳо ва дастаҳои махсус, инчунин барҷомондагони юнониву мақдуниро ҷой кард андар ин шаҳри зебои канори рўдбор ва теппаҳои Афросиёбу Сияҳоб...
Мароқанд монанд набуд ба шаҳрҳои дигар. Боду ҳаво, хок ва меваю зироати хоса дошт, ки мақдуниён дар ҷое надида. Боғҳои ангуру анҷир ва полезҳои шаҳдбораш дар дигар музофотҳо дучор наомада буд. Ва Искандар мардуми онро ҳунарманд дарёфт ва соҳиби касбҳои гуногун. Тарзи истифодаи санг дар ин мулк Истахрро ба ёд меовард, аммо аз санг фаршу роҳ сохтани мароқандиён ҳайратовар буд ва зери наъли асбони лашкари Рум шарора мепарид. Мавқеи ҷойгиршавии пойтахти Согдо хеле хуш омад Искандарро, лекин истода, роҳату фароғат карда натавонист. Зеро Спитамони диловар пайдо набуд ва касе намеовард, ки куҷост.
Искандарро баҳонае пеш омад, то дар ҳар ҷо Спитамони суғдиро ҷўяд, чунон ки Дорову Бесусро. Ва шаҳру рустои қаламрави Суғдро тохт оварад ва бо хок яксон созад. Зеро ғазаби шоҳи мақдунӣ ончунон буд, ки шери бастаро ангезанд.
Чун пизишкони хосаву ҳарбӣ шонаи захмии Искандарро табобат карданд, юриши хешро идома дод. Аз Мароқанд то Танаис (Сайҳун). Ва ёдаш омад, ки Оби Ҳаёт меҷуст ва то Офтобнамо рафтанӣ буд, аммо сароб метобад аз пеш. Дар ҳама ҷо хуршед як хел тулўъ мекунад ва як ранг ғуруб. Вале чун Дорову Бесус дар ҷое наметобад Спитамон.
Искандар чун аз Мароқанд бадар рафт сўйи шимол, пушаймон шуд, ки дар ин мулки ободу зебо ва мардумаш хушсурати сапедпўст ва занонаш ситорагарм бояд каме фароғат ва бо Гераклу модараш Барзин андаке роҳат мекард ва базм меорост ва арғушти гетерҳои нозанинро медид. Охирин бор они фароғати тўлонӣ бар қуллаҳои Ҳиндукуш чунин ҳолат рух дода буд. Дигар ҳама роҳ ташвишу изтиробу ҳаяҷон дошт.
Маликуррум то ин манзил кўҳу баландиҳои зиёдеро убур карда, то биёбонҳо расид, аммо кўҳи Ғул пеши чашмаш чунон намуд, ки канори олам ҳамин бошад. Пешбанд ва садди вопасинро мемонд. Ва Сайҳуни паҳновару ҷорӣ бо маром ба назар гузар намедод касро. Хайма зад андар каронаи Яксарти орому минўйӣ.
Вале ҳавои дам ва гирифта дошт ва хомўшаку пашшаҳои тезнеш. Бо вуҷуди он лангар андохт, ки ба ақсои олам расид, дигар роҳ набувад. Ў низ ба мурод расида; чунин мегўянд ҳамраҳону ҳамнабардон. Аммо худи Искандар он чӣ меҷусту мехост, пайдо накардааст; ба ёрони хаставу ба танг омада ва дар ёди ватан сўхта ҳарфе гуфта наметавонад...
Боз Искандарӣ бояд сохт – Искандарии Ақсо (дур, канора.) Дар муддати кўтоҳ ва агар илоҷе пайдо шавад, дар тўли бист рўз. Зеро дар ин дуриҳо ҳар чизу ҳар кор ғайричашмдошт рух медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор