Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Тамоми сипоҳиёну сипаҳбаду сипаҳсолорҳо ва онҳое ки аз дасташон кор меомад, машғул гаштанд бо сохтмон.
Кўҳи ҳалқаву пешгардон осуда сохт шоҳи мақдуниро, ки дар он сў зиндагии касона набувад ва кўчиҳои оворагарду ломакон умр ба сар мебаранд, ки ройи тохт овардан накунад. Вале ғайричашмдошт, андар соҳили рости Яксарт мардумони тангчашми сияҳпўст гургинаву палангинапўш ва пўстинҳои ҷаъд дар тан, бозуву рону соқҳо бараҳна пайдо шуданд, ҳар кадом нимлангу тиркашҳо ва камарбанду камонғўла доштанд ва рў ба рўйи сохтмончиҳо аз он канора ҳар гуна ишораҳо ва гоҳ-гоҳе тирборон мекарданд. Тирҳои аз пар ва най сохта ё бар об мезаданд ё ба соҳил ва гоҳе то сохтмон мерасиданд, ки оҳани тези фулузӣ ё мисӣ доштанд дар неш. Бо амри Искандар сипоҳиён сохтмонро қатъ карда низомӣ гаштанд ва саф кашиданд андар канора, ки чашми массагетҳо сиёҳӣ зад, вале майдонро тарк накарда ғўлакандозӣ мекарданд. Искандар аз чунин ҳуҷуми пашша ба хояи фил дар ғазаб шуд ва фармуд убур кунанд рўдборро. Ҳамчунон тирборон мекарданд массагетҳои пиёда. Искандар дар аҷаб низ буд, ки куҷостанд он саворони ҷангии скифиву сакойӣ? Оё дом набувад ин бозии пиёдагон?
Ва чун бо ёрии гупсару шикамбаи дамидаву пўстҳои коҳҷойкарда рўдро гузаштанд ва бо тирандозони кўчӣ рў ба рў омаданд, найзаварону синонзанон ва шамшербозон ҳамлавар гаштанд бар эшон. Массагетҳои найрангбоз сипоҳи мақдуниро ба дом кашидан шуда пас нишастанд, ки дар пас саворони чобуки массагетӣ
– скифҳову саккҳо омодаи тохт буданд. Аммо онҳо ҳуҷумовар нагашта, фавҷҳои савораи размида ва пархошдидаи мақдунӣ расиданд. Сарбозони пиёдаи саф-сафу радда-раддаи сўйи кўчиҳо равон роҳ кушоданд саворонро. Ва гурўҳҳои массагетӣ ҳамла наоварда, ситезиданд мақдуниҳо. Ва ҳарду тараф овехтанд. Куштори зиёд шуд ва бодиянишинони он сўйи Сайҳун рў ба фирор оварданд.
Куштаҳо рўйи реги тафсон монданд ва боз Искандарро ёд омад аз мурғони баднамо. Онҳо аллакай ҷувозак мегаштанд дар фазо.
Шоҳро ғаш омад. Бар асари саворони массагетӣ нарафт.
Андар Искандарии тозабунёди навсохт шоҳ дилу бедил фароғат карданӣ буд. Аммо аз парешонӣ ва вазъи нобобу номаълум, ки чаҳор тарафи мавзеъ кушод буд, ў чӣ карданро намедонист.
Пайк фиристод сўйи Бохтар, то сипаҳбадони савора ва саркорҳо филфавр ба хидмати ў расанд. Сипаҳбадони савора сар кашиданд аз хидмат; акси ҳол шўру ошўб карданд андар Бохтару Суғд.
Искандар биандешид, ки исёнгарон гурўҳу тоифаҳо буванд, чун Спитамону Датафарну Катани барои ў Бесусро дошта; онҳоро ба хидмат хонад, хоҳанд омад. Шоҳи мақдунӣ ё асли ҳолро намедонист ва ё худро гўл мезад, ки наздиктарин фардҳо барояш инҳо бошанд. Лашкаркаши сипоҳ аз ҳар маврид, лаҳза, фурсат ва фардҳои ҷудогона истифода бурдан мехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор