Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо пайкҳои барои онҳо рафта барнагаштанд ва баъд Искандар дарёфт, ки наҳзатро онҳо ангехтаанд ва даъвати ўро напазируфтаанд. Шоҳро расонданд, ки дар шаҳрҳои Истрўшан пайи ҳам оташи исён фурўзон мегардад, безобита гашт ва сохтмони Искандарии Ақсоро қатъ карда, лашкар ба по хезонд, то ба ҳафт шаҳри исёнгар сипоҳ қисмат кунад.
Ба Киропол – бузургтарин шаҳри Истрўшан фавҷи сипаҳбади
1 озмудаву бовафо Кратери шуҷоъро фиристод. Ва таъкид карду фармуд: «Ончунон Кирополро муҳосира бикунӣ, ки ҳеҷ балвогаре ба онҳо пайваста натавонад. Ҳафт шаҳри ошўбиро дур доред аз якдигар.»
Ва худ ба шаҳри Ғазза ҳуҷум овард. Шаҳри Ғазза чандон мустаҳкам ва садди сангин надошт чунон ки Курушгирд. Деворҳояш гиливу похса буданд ва ба андак зарбу нам фурў мерафтанд. Ин шаҳр дар назди таҷрибаи ҷангӣ ва нерўи қавии Искандар, тирҳои гаронвазни садшикан, пайкони синашикофи камонак ва ҳамлаи сангини сипоҳи мақдунӣ истодагарӣ карда натавонист.
Зуд таслим гашт. Чун шўриш аз ҷониби фавҷи баргузидаву горди «Дўстон» пахш гардид, шаҳр зуд мутеъ шуд. Искандари ошуфта ва пурғазаб фармуд сари мардон ҷудо аз тан кунанд; зану фарзандон ва буду буна ва молу хоста сарбозонро насиб гардад. Баъди амри шоҳ зулму бераҳмӣ ва бетартибиву кушторе, ки андар Ғазза шуд, дар ҷое нашуда. Чунон ки аз шаҳри Ғазза нишоне намонд. Агар ҷавонмарде ё духтаре ҷон ба саломат бурд, чанд ҷуфте буданд, ки ағбаро убур карда, дар болооби рўди Кўҳак манзил гузиданд.
Ба рағми ошўбҳои Суғду Бохтарро фаро гирифта Искандари хашмӣ ончунон шўриду валангор карду сўхт, ки худои барроқ Зевс мададёр гашта бошад. Бо чунин ҳамлаву зарбу набард ва ситезу шўру ситабр дар зарфи ду рўз Искандар ошуби панҷ шаҳрро фурў нишонд. Гўйӣ лашкар на, санги гарону азиме аз тори шаҳрҳо мегузашт ва ҳама чиз чун дона зери он орд мегашт. Гўйи суми асбон оташ дошт ва буда хокистар мегашт. Искандар усулу роҳеро пеша карда буд, ки сарбозе, сипаҳбаде, сипаҳсолоре надида: гоҳе ки соқа ва сарбозони пиёда шаҳри мағлубу саркўфтаро ғорат мекарду оташ мезад, мурдаҳо месўхтанд, мурғони баднамои фазо фиғон мебароварданд, ки шоҳи мақдунӣ бори нахуст медид. Онҳо мардон мекуштанд, зану фарзанду коло мерабуданд, ба танўри оташ мардони канормондаро меандохтанд. Ва дар чунин айём

  1. Шаҳре ки дувист сол муқаддам Куруши Кабир ба ин ҷо омада бо машаққате ин дижро забт карда, ба номи хеш гардонда буд. Ва баъд бисёр корномаву қаҳрамониҳои Куруш ба номи Зулқарнайн гузашт, ки бо саҳви баъзе тафсиргарон лақаби Зулқарнайн ба Искандар часпонида шуд. Аз қабили се ҷанги бузург, бунёди Садди Чин ва пайғамбарии Куруши Кабир.
пешина
аз 411
навбатӣ