Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Мо, ки меравем аз пайи Бесуси Бохтарӣ. Дар нақшаи шоҳи мақдунӣ бозгаштан нест.
— Оре, шоҳзодаи мисрӣ. Ту ягона касе ҳастӣ, ки ҳама нақшаҳои маро дарёфтайӣ ва мувофиқи он рафтор кунӣ.
— Бале. Аммо гўям, ки Бесус Доро нест.
Искандар хандид. Аз дунбол омадагон ҳайрон шуданд. Зеро онҳо медонистанд, ки Искандар сахт азо гирифта буд ба марги шоҳ Дорои Саввум. Ва гумон буд, ки зуд фаромўш кунад ва ба худ ояд. Танҳо Биталомус медонист дар як пўст ҷой гирифтани ду танро.
— Чаро хандӣ?
— Охир чаро нахандам? Кӣ надонад, ки Бесус на До-рост?
— Бесус аз Бохтар аст ва бохтариҳо ҷанговар бошанд.
— Бошанд. – Бепарво гуфт Искандар ва Биталомус шарҳ дод:
— Чун фурсат зиёд бошад, сипоҳ фаро оранд, кори мо душвор гардад.
Искандар ваҷоҳати дигар гирифт. Ў медонист, ки ба ҳама сари забонӣ сухан мекунад ва бо хотири хотирҳо ҳамсўҳбат мешавад бо касон, вале ба Биталомус дурўғ гуфта наметавонад. Зеро ў бо ханда ё масхара ва ё бо нобоварона сар афшондан радду бадал кунад андешаҳои ўро. Баъзан чунон вонамояд, ки пештар аз Искандар медонад ин ё он савдоро ва чаро дурўғ гўяд шоҳ. Аз ин рў гоҳ-гоҳ мулзам монад шоҳ ва фошофош гўяд сухан ва бошад, ки ногуфтаниҳоро иқрор кунад.
Ва талоя бозистод. Искандар аз фурў нишастани гарди роҳ ин чизро пай бурд. Фурсати зиёде нагузашта сарбозони пешгард омаданд ва оварданд, ки гурезаҳо, зархаридони эллинӣ ва бардаҳои раҳгум паноҳ бурдаанд дар кўҳпораҳои канори ҷанубу шарқии дарёи Хазар. Искандар боздошт сипоҳро ва амр кард, то аз нав санҷида, пайғом оваранд. Шояд Бесус камингоҳ гирифта бошад.
Пасон фармон дод, ки сипоҳ омода гардад ба ҷанг. Сарфавҷҳо раддаву саф оростанд аз даставу гурўҳҳо. Корвони ғайриҷангӣ, ки иборат буд аз занону кўдакону хидматгузорон, ҳунармандон, пазандаҳо, созандаҳо, раммолу фолбинҳо, табибон, хазинадору гетерҳои нозанин, қассобу ҷаллодҳо ва бисёр касони вобастаи соҳаҳо ҷудо шуданд рўйи роҳ ва Искандар дарёфт, ки як лашкари пурвоҳимаи назаррас аст ин гурўҳ ва агар лозим ояд, панҷа ба ҳар гуна лашкар занад. Ва боз чанги роҳ баромад аз он тараф ва саворон омаданд ду тан ва пайк оварданд:
— Он гурезаҳо аз пушти харсангу паси буттаҳо ва дарахтон берун омаданд ва таслим шуданд...
1 Искандар ҳаррои асби хешро бод дод ва Бусефали рамузфаҳм даромад ба роҳ. Чанд рафтанду боди форам расид ба сару рўйи
- Ҳаррой – афзори зарнигор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё