Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

саворасипоҳи мақдунӣ дигар шаҳри ошуфтаро муҳосира мекард, то яке напайвандад бо дигаре. Мақдуниён ҳар ангуштро ҷудогона мебуриданд.
Дуди шаҳрҳои сўхта чу абр пеши офтобро гирифт ва мурғони ҳаворо безобита гардонд.. Бўйи ғализи гўшти сўхтаи одамӣ биниҳоро кар кард. Садои зузаи сагони балогардон то қабатҳои осмон расид. Нолаву шевани занону кўдакони асирафтода сангро об мекард. Ва замини сўхта боз нам гирифт аз ашку хун. Додрас набуд. Касе намедонист, ки Урмузди бузург ба кадом хидмати ин мардум чунин подош насиб гардонидааст. Шояд нотифоқӣ, чуғулӣ ва ё парокандагӣ бошад, ки то ин рўз расонд ва шаҳрҳо низ чун узвҳои буридаи бадан ҷудо-ҷудо месўхтанд. Дар забон, дар ваъдаву воиз ва дар аҳди лисонӣ гўё мушт шуданд ангуштон; гўё узвҳо як тану ҷон. Ин мавзеъ тохтутозҳои кўчиёни он сўйи Танаис ва баъзе ғоратгарон ва омадани шоҳаншоҳи Эрон Курушро ёд дорад, аммо чунин бедодӣ, осиёмол поймол кардану аҳриманона сўхтанро надидааст.
Ва ниҳоят Искандар даррасид ба Киропол. Ба шаҳри сохтаи Куруши Кабир. Шаҳр то андозае Мароқандро мемонд. Тарзи меъморӣ, иҳотаи дураддаи девор, диж, ҳараму кирёс ва сангфаршу роҳу растааш монанд буд.
Чун Искандар бо сарфавҷҳои дигар – Гефестиону Кену Биталомус шаҳрҳои дигарро шикаста ба ёрии Кратер омаданд, сипаҳбад ҳама фармудаҳои шоҳро баҷо оварда буд: шаҳрро иҳота карда, ба даробарои касе роҳ намедод, хандақ кофт, паси деворҳои баландро хокрез кард, то гузаштан осон шавад, асбобҳои деворшикан муҳайё гардонд, зинапояву нардбонҳо сохт, расану каманду ресмонҳо пайдо кард барои бастану гузаштан, вале деворҳои баланду дуқатора гузар намедод. Шоҳи мақдунӣ аҳвол дид ва ба эҳтироми Куруши Кабир, ки гўё осори дасти ўст, деворшиканиро манъ кард ва фармуд осебе нарасад шаҳру дижро.
Дер нигарон шуд, аз дарун посух ё амру итоат нашунид ва донист, ки суғдиён ба осонӣ ҷон намедиҳанд, аз қавлу фармонаш гашта, ба деворшиканӣ пардохт. Дастгоҳҳои садшикан ба кор даромаданд:
зарбаҳо мезаданд девори баланду мустаҳкамро. Лекин илоҷи ба шаҳр даромаданро пайдо намекард. Гирди шаҳр гашт ва андар самти шарқии он рўдхонаи хушкида дид, ки рўбоҳе бурун омад.
Ҳайратзада нигарист саворонро ва сарболо битохт бо селроҳа.
Искандар низ ҳайрон монд аз рафтори рўбоҳ, ки ўро раҳ намуд.
Пасон зер шуд аз асб ва обмўриро аз назар гузаронд. Рўбаҳвор миён дуздонд, то убур кунад чокаро. Шохе гузошта буданд аз дўлонаи хордор. Ба нўги найза тела дод ва озод даромад. Шоҳи пурдону пурҳиял, ки ҳазору як макру ҳилаву найрангу усулу илоҷ ба кор мебурд, ҳамроҳи ҷондорон, сипарбардорон, найзаварон, шамшерзанон, камонварон ва касони дилпуру дилобхўр чу сели нобаҳангом убур кард обмўриро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор