Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Чу барқи Зевс сўйи дарвоза шитофт, қуфлу ғалақаву занҷирҳоро шикасту барканд ва боз кард дарвозаи шаҳрро. Сарбозони мақдунӣ чу пешбодаи сели бузург ҳуҷумовар шуданд ба шаҳр.
Кирополиҳои машғул бо деворшиканони мақдунӣ аз чунин тадбири онҳо бехабар монданд. Гоҳе рў ба рў шуданд, ки аллакай мақдуниён ба шаҳр рехта буданд.
Сипаҳсолор Кратер, ки аз аввал фармони ҳуҷум гирифта буд, зинаву нардбонҳо ба девор гузошта, расану ресмон карда ворид шуд ба шаҳр ва саворонаш аз дарвозаи боз даромаданд. Садои сайҳаи асбон, ак-аку зузаи сагон, чакочаки шамшеру найзаву сипар ва оҳу афғони тиру шамшеру найзахўрдагон боло шуд. Дуд бархост аз миёни размандагон, нафиру овози аҳлу аёл ва овои сарбозони ҷондеҳ меомад. Садои ҷонхарош доштанд ҳаюнони захмӣ ва чароғпоя гашта сум бар ҳар касу ҷонвари пешомада мезаданд. Замин мегазиданд сарбозони тирхўрда ва ё синаашон синон шикофта. Касеро имкони дасти ёрӣ ёзидан ва ё ҷон ба саломат бурдан набуд.
Ба назари Искандар ҳама дуде, ки ба осмон печид, каргас шуд, Искандарро пешгўйӣ буд, ки бо селроҳаи хушки Киропол хун ҷорӣ хоҳад гашт. Чашм пўшид шоҳ, то набинад. Вале ба гўшаш ғалмағале расид, ки зиёдтар аз ғавғои мурғон буд: Кирополиҳо ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо сангу чўб мезаданд ва тиру шамшеру найза. Чунин набард назди тохти саворони мақдунӣ сабук метофт. Ба ҳар тақдир ҷанги понздаҳҳазораи шаҳриён ба осонӣ рафъ нахоҳад гашт. Шоҳи мақдунӣ аз зарби санги душман сахт лат ёфт, вале майдони овардро тарк накард. Искандар кулоҳи душохаи ҳахоманишӣ аз сар гирифта кулаҳхўди ҷангӣ пўшида буд, то душман зуд нашиносад.
Дар чунин пархоши ноҷўр бисёре аз сарбозон ва сипаҳбадон захмӣ гаштанд, аз ҷумла Кратери бовафо тир хўрд.
Суғдиёни ватанпараст тан ба мурдан медоданду ба таслим шудан на. Аммо сипоҳи тороҷгари мақдунӣ, ки аз чаҳор самт сари девор парида ба шаҳр даромада буданд, суғдиёнро муҳосира гирифта, қадам-қадам, ваҷаб-ваҷаб, ангушт-ангушт ҳомиёну муҳофизони Кирополро ба ҳалқа оварда ва танг карда, андар канораҳои рўдхонаи хушк нигоҳ медоштанд. Дер нигоҳ медоштанд, то аз беобиву бенавойӣ ё миранд ё таслим шаванд. Азоби алим диданд онҳо ва бо маслиҳату машварат таслим шуданд. Нисфи зиёди шўришгарон нобуд гаштанд ва Искандари кинавар бо он ҳама хашму ғазабе ки дошт, шаҳри Кирополро аз рўйи замин бардошт...
Захми дўшу лату дарди гардан зуд гузашта бошад ҳам, алам аз дили лашкаркаш нарафта буд: бо амри ў Киропол ончунон сўхту дуд кард, ки шаҳреро насиб нагашта мислаш. Искандар ба дуди фалакгир чашм дўхта дида танг мекард чу шикорчиёни кинавари массагетӣ, ки рўзе алами ин ҳама хоҳанд гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор