Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Бо вуҷуди он Искандар ифтихор дошт аз кори карда, дар ҳар макон бо тарзу усули тозаи ҷангӣ пирўз мегардад ва оташи чашми душманонро мегирад. Гуморид, ки баъди чунин пирўзӣ дар ҳеҷ гўшаи Суғд шўру балво нахоҳад шуд. Бипардохт ба идомаи сохтмони Искандарии Ақсо. Ҳар ҷо рўду дарёи хуб дид, он ҷо фароғат кард, шаҳраке сохт бо номи хеш. Шаҳраки диждори зеборо дар муддате сохт, ки кас бовар намекунад. Ҳама пардохтанд дар ин сохтмон баҳсмабаҳс. Ин бор Искандар аз сохтмони Мароқанд тақлид кард:
девори баланди касногузар бардошт ва дижи мустаҳакам. Асиру бандиҳои суғдиро ончунон кор фармуд, ки пўсту устухон гаштанд.
Искандар шитоб дошт ва ё хатареро бўй гирифта буд. Вале бо дили пур мегуфт, ки дигар каси багурдае пайдо нахоҳад шуд, ки оташи ҷанг барафрўзад.
БАНДИ ЧАҲОРУМ
Ва аммо Искандарро хабар расид, ки Спитамони Суғдӣ сар бардошта дар Мароқанд. Майдони ҳарбии мақдуниёнро танг карда, сипоҳаш ронда аз шаҳр. Худ маъво гирифта андар баландии Афросиёб ва Чорраҳа. Искандар, ки аз пирўзиҳои хеш шод буд, имон дошт чунон чашми душман тарсонда, ки дигар родмарде, яле дар ин музофот пайдо нахоҳад гашт, то зидди лашкари нерўманди ў биҷангад. Аммо аз чунин расонаи шум дилтанг шуд ва сар ба каф гирифта андешид, то чӣ кунад. Зеро скифҳои ғарбиву шарқӣ як шуда аз нав бо ў ситезида буданд ва Искандар наметавонист ба Мароқанд биравад. Машварати фавқулоддаи ҳарбӣ даъват кард, андар Искандарии Ақсо нахустин маҷлиси сарони фавҷу горду дастаҳоро орост ва сипаҳбадони пурдидаву размида Андромеди ҳамсаф, Менодеми ҳамрикоб ва Қоруни таксиархро сари се ҳазор сипоҳи савораву пиёда ба кўмаки фавҷҳои дар Мароқанд гузошта фиристод. Инчунин Фарнуки суғдидонро ба онҳо ҳамроҳ кард, то мақсади тарафайнро ба якдигар фаҳмонад.
Бунёди шаҳраки Искандарии Ақсо хуш наомад бодиянишинони он сўйи Яксартро, ки махсус барои ҳуҷумҳо ва тохтутозҳои
1 онҳоро шикастан ин «Аҷалхона»-ро сохта бошанд. Аз ин рў онҳо намехостанд, ки ин шаҳраки гўё бар об бунёд гашта дерёз пойдор бошад. Пешвои скифҳо Сатрак маҷлис орост ва ба бародараш Картасис фармуд:
— Убур бикун Танаисро! Шаҳраки ўро яксон гардон ба хок ва бирон меҳмонони нохондаро аз канори рўди пок!
- Скифҳо чунин ном ниҳоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор