Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Картасис сар фаровард фармони шоҳро. Ҷанговарони чобуки скифиро ҷой дод андар канори рўдбор ва тирҳо партов кард сўйи мақдуниён. Чун паҳновар буд рўдбор, намерасид тири онҳо ба нишон. Ғарази скифҳо ин буд, ки сипоҳи мақдуниро мазоху масхара доранд ва эшон тоб наоварда тарк кунанд манзилро. Аммо Искандар масхарабардор набуд. Чора меандешид ва илоҷи кор меҷуст пинҳонӣ аз кўчиён.
Картасиси тарсу фармони бародарро иҷро накард. То соҳили рўд омад, тирҳо партов карда, мақдуниёнро ангехт. Тарсид аз гузаштан он сўйи Сайҳун, ки бозгашташ хатар дорад. Вале чунин рафтор Сатракро хуш наомад ва кас фиристод, ки бародараш ба номи скифҳо иснод наоварад. Дер шуда буд: Искандар кӣ будани онҳоро дарёфт:
«Саге, ки зиёд ҷакад, ғайрати газидан накунад. Бубинед онҳоро!
Он тарсуҳоро! Ҷавҳари мардӣ надорӣ, чаро дигаронро безобита кунӣ?!» Ишора ба скифҳои он сўйи рўдбор кард... Пасон он гуна ғазабе ки дар андарун дошт, бурун дод: «Гупсару шикамбаҳоро бод диҳед! Тулуму пўстҳоро коҳ ҷой кунед!»
Сипоҳи ў дарёфту дарк кард, ки шоҳ чӣ мехоҳад. Шабҳангом, гоҳе ки скифҳои батангомада аз ташвишу омодагии зиёд ва таҳлукаву хатар шалпару хаста гашта пинак мерафтанд ва худро посбонӣ карда наметавонистанд, Искандар чун одат шабохун заданӣ шуда, муқобили ҷараён сўйи боло рафт, то убургоҳе пайдо кунад дуртар аз чашми адў.
«Ай Искандар, хуб аст, агар ба хонаи занбўр чўб назанӣ.»
баногўшӣ кард чун маслиҳат Аристандри раммол, вале якбора танашро вараҷа гирифт, ки шоҳ ба маслиҳати хоми ў чӣ мегуфта бошад.
«На, Аристандр... Гарчӣ ту ғайбдонӣ ва пешомадро хуб бинӣ, аммо рўҳи ман, хуни ман, тухмаи ман набардорад чунин масхараро.»
«Рой шоҳрост...» – гўё муфт аз банди ғазаби шоҳ раҳо ёфта бошад, суханро кўтоҳ кард коҳин ва гоме канор зад.
Валек шоҳ дар худ меҷўшид ва худ ба худ мехурўшид, ки чӣ касонанд, ки бо ў ҳамрикоб гаштаанд. Ва таҳлил кунад Искандар ин ҳамаро, ки онон дўстанд ўро ё душман? Ба ҳар тақдир то ҳанўз дўсту душмани хешро фарқу ҷудо накардааст.
Сўйи Аристандр нигашт, ки ў дар торикӣ надид майли шоҳро.
Шоҳ ном гирифт ўро: «Аристандр!» Паст буд садо чунон ки рўди бесадоро халалгор шуданӣ набуд ва ғаразаш аз душман буд, ба гўшаш нарасад. Раммол пеш омад ва гўш ба шоҳ дод: «Ё тарсидӣ, ки Искандар ҳама сипоҳиёнро сўйи Мароқанд фиристод ва ҷангро ба ин барбарҳо хоҳад бохт?»
«На, Искандар... Онҳо аз тарс чунин рафтор кунанд ва ҳоҷати бори дигар саркўб карданашон набошад...»

пешина
аз 411
навбатӣ