Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Нааа... Касе ҳаст, ки онҳоро пешгард кардааст ва худ аз пас истад.»
«Шояд...»
«Нагузорам! Ҳеҷ ҷонзодеро нагузорам, ки ба сипоҳи мақдунӣ нешханд кунад!»
Дастгоҳи тирандози мақдунӣ сапедадамон партов кард тирҳоро аз ин соҳил ба д-он соҳил. Тире бидарид сипари скифи саворро ва сарбозро аз зин афканд. Скифҳо чун замбўрони ба хонаашон чўб хаста осемаву пурташвиш шуданд. Сарбозони гупсару шикамбасавор ва тулуму пўстҳо зери сина хешро аз боло ба об андохта, рў-рўйи об омада аз зери фўки масхарабозони скифӣ баромаданд.
Хасми дўғмаст ончунон гурехт, ки рўбоҳ аз шер. Камонварон, сангандозҳои фалахмонӣ пешгиру пешгардон карда буданд скифҳои гурезонро, то боздоранду истинтоқ кунанд. Вале сарон ва намояндагони онҳо пеш омаданд чун фиристода, то бо шоҳи ҷанговару ҷаҳонгир гуфтугў кунанд. Искандар андаке андешид; найранг пиндошт нобаҳангом омадани онҳоро. Напазируфт. Зеро ҳолиё ҳама сарбозон наомада буданд, дар соҳилҳо машғули рондану дастгир кардани чобуксаворони биёбонӣ буданд. Дар чунин ҳол Искандар салоҳ намедонист гуфтушунидро.
Пеш омадани пирмарди скифӣ вазъро дигаргуна кард: «Ё бикуш маро, ё бипазир моро!»
Искандар хеле андешаманд монд. Ба ёрон ва дўстон нигарист.
Боз пирмардро синча кард:
— Бошад!
Пирмарди тангчашми фарохпешонӣ дерёз нигарист ба ҷавони мусаллаҳи нерўманд, вале дар синну сол ҷавон, миёнақади малламўй ва фикр накард, ки ў Искандар аст.
— Моро шоҳи ҷаҳонгир Искандари Мақдунӣ мебод!
— Манам Искандар... – сипоҳигарӣ накарда рост бигуфт шоҳ.
— Ай шоҳи ҷаҳонгир! Назди ту омадем, то даст кашӣ аз ҷанг ва оштӣ пеш орӣ.
Искандар баланд хандид ва фармуд:
— Агар ҳарфат рост аст, масхарабозӣ аз барои чӣ буд?
— Шоҳо! Масхарае нашуда аз ҷониби мо. Кўтоҳие гузашт. Мо скифҳо хуб донем, ки пархош нозебост инсонро.
Искандар пиндошт ҳазён гўяд. Чун диққат дод, дарёфт муроди пирмардро.
— Аҷаб шоҳӣ, аҷаб ҷанговарӣ. Туро фарқ набувад, ки бо кӣ ҷангӣ. Порс ҳам барои ту як, сак ҳам, скиф ҳам, массагет ҳам, суғдӣ ҳам, бохтарӣ ҳам, хоразмӣ ҳам... Ҳамаро зеру забар кардан мехоҳӣ. Агар чунин ту, бояд бо обу оташ биҷангӣ, бо даррандаву чаррандаву хазанда низ биҷангӣ...

пешина
аз 411
навбатӣ