Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандар дамид, тафсид, сурх шуд. Таҳқир донист чунин фармудани пирмардро ва оташ гирифт:
— Чӣ иддао дорӣ?
— Иддао ин аст, бозгардӣ. Ҳеҷ кас ба куштан сер нашуда, ҳеҷ мулк ба сўхтан обод нагашта, ҳеҷ дузд ба бурдан қаноат накарда...
Ту чизеро хоҳӣ, лоимкон бувад: миёни забардасту зердаст, ҷанобу ғулом дўстӣ набошад ҳеҷ гоҳ.
— Бирав! Туро кӣ хонда ба ин ҷо? – сахт гуфт шоҳ ва донисту дарёфт, ки касе чунин таҳқир накарда шоҳро: нарм, баодобона ва бохирадона.
— Ай шоҳ, агар майли бо скифҳо ҷангидан дорӣ, хоҳиши ҷанги ҷаҳониро дорӣ. Агар чунин, тамоми мардуми озодихоҳи дунё зидди ту хоҳад бархест.
— Бигўй ҳамагонро! Хоҳанд, ки замин газанд, бархезанд!
Пирмард норозиёна бирафт.
Искандар гумон надошт, ки миёни бодиянишинон низ доноён ҳастанд.
Дар ин фурсат сипоҳи Искандар пурра убур кард рўдро. Ва ҳамин ки саворони зарбазани як ҳазору дувистнафара Яксартро гузаштанд, тохтанд бар скифҳо. Аз рўйи нақша боист нобаҳангом зарба мезаданд. Бодиягардон низ сахт омодагӣ доштанд. Аммо ба макру ҳиял вонамуданд, ки тарсустанд, тоби овард надоранд, рў ба фирор оварданд. Ва андар биёбон камонак шуданд; сари асбонашон боз сўйи сипоҳи мақдунӣ гашт. Нимдоира шуданд ва ғайричашмдошт якбора саворони мусаллаҳи мақдуниро дар ҳалқа оварданд. Тирборон карданд ва ғайб заданд.
Лашкаркаши беназир усули набарди ононро донист ва пиндошт боз чунин тохт оваранд. Ў низ тарзи ситези хешро дигаргуна орост:
камонварону саворони шамшерзан ва сипоҳи пиёдаро пеш андохт; аз пас саворони зарбазану найзавару сипардорро гузошт. Ва чунон омода ба набард шуд, ки бо Доро ҳарб мекарда бошад.
Пайдо гаштанд скифҳои асбтоз бо усули ҷанги аввал.
— Кушодтар! Фарохтар!!!
Ҳамин қадар садо дардод Искандар ва сипоҳ донист, ки нагузоранд скифҳо ҳалқаро танг гиранд. Онҳо, ки умеди танг кардани ҳалқаро доштанд, чандон омода набуданд ба чунин ҳарб; ҳолиё пештар рафта ҳамлавар шуданӣ буданд.
— Бидарронед!!!
Маънии ин амр низ рўшан буд. Майдони сипоҳи мақдунӣ фарохтар мешуд. Онҳо ба ҳуҷуми сахт гузаштанд. Гўйӣ ҳалқаҳои силсилаи амонати скифҳо бо зарбаҳои гарону сангини искандарӣ баргусаст. Мақдуниён раҳо шуданд аз ҳалқа.
Скифҳои тарсу гўё ки ҷон дар каф дошта бошанд, «пушти ману тири мақдуниён» гурехтанд. Онҳо ба гармову тамузи тобистон ва саҳрои беоб нигоҳ накарда, то аз пой мондани асбон, то рў ба регзорҳо афтидани пиёдагон; аз ташнагиву гушнагӣ ноҳол то охир тохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор