Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То замоне ки хуршед даруни реги тафсон фурў рафт.
Ва шабаҳу ангораи онҳо даруни пардаи сиёҳ нопадид гашт.
Искандар низ дунбола нагирифт, ки мавзеъ ва мавқеи бодияро намедонист. Лашкари мақдунӣ зиёд кушт, зиёд бандӣ кард.
Шумораи асирон аз ҳазор гузашта буд. Искандар фавҷеро асир гирифт, ки саду панҷоҳ ҷанговар дошт ва миёни онҳо пешвои эшон Сатраки бо нангу ор буд.
Сатракро гоҳе назди Искандар оварданд, ки сараш дард дошт ва аз талафи ин ҷанги бемаънӣ фикр мекард, ки дар набарди Говгомол чунин талафот надода буд. Ҳам месўхт, ҳам мегирист ва ҳам нафрат дошт; ҳатто ба ҷанг нафрат дошт, ки бори нахуст чунин андеша ба сараш зад.
— Сари туро мор газид, ки дубора хурўҷ кардӣ?
— На ман, шоҳ. Скифҳои он сўйи Танаис (Дон) ин корро карданд.
— Ту чаро сарвар шудӣ?
— Ман чун гаравгон будам, шоҳ. Агар ба ин новард сар набудам, сари маро гирифта буданд.
— Дурўғат зиёд бошад. Картасис бародари туст?
— Оре, шоҳ!
— Пеш аз мурданаш гуфт, ки бародарам маро фармуд, ки Искандарии сохтаи шуморо вайрон созам. Ту бародари Картасис ҳастӣ?
— Оре, шоҳ!
— Пас, ту дурўғ гўйӣ ё бародарат?
Китф дарҳам кашид Сатрак.
— Агар ту нафармуда будӣ, ў нагуфта буд.
— Шояд... Лекин ў барои ҷонашро раҳонидан ба ман тўҳмат задааст. Чунон ки арз кардам: моро скифҳои ғарбӣ ба танг оварданд.
— Агар ин рост аст, чаро шумо бо скифҳои он сўйи Танаис наситезидед, то ман шуморо ҷонибдор бошам?
— Ба чунин пурси шоҳ ман танҳо посух дода наметавонам, зеро мо ҳамхун, ҳамзабон ва ҳамҷавор ҳастем.
— Пас, мо – бегона, бо бегонагон ҷангидан осонтар бувад.
Ҳамин тавр?
— На. Бо бегонаи зўр ва доно ва сарфармондеҳи бузург чун шумо ҷангидан саҳл набувад. Ман ёд надорам, ки ягон бор ҷангро бохта бошем. Ҳатто Куруши оламгир аз дасти масагетҳо сар гум кард. Вале ба зўр тан бояд дод.
— Ҳм... Маккор... – он чӣ дар сар дошт, ба забон овард Искандар ва поймардонро ишора кард: — Биоваред!
Сатрак як қад парид, ки амри шоҳ чӣ маънӣ дошта бошад.
Пас онҳо Картасиси бастадастро оварданд ва аз дари саройи шоҳ ворид гардонида, боздоштанд.

пешина
аз 411
навбатӣ