Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бародарон ҳайратзада ба якдигар нигаристанд. Искандар пурсид Картасисро:
— Ҳамин шоҳи скифҳо туро фармуд, ки Искандариро оташ занӣ?
Аммо Картасис посух нагуфт. Искандар Сатракро пурсид:
— Ту амр кардӣ, ки бародарат Картасис оташ занад Искандариро?
— Чунин амру фармон набуд, шоҳ. Скифҳо рўдро убур накардаанд, чӣ гуна шаҳракро хароб гардонанд. Агар чанд тан омаданд, ба тамошо омаданд, ки чаро ақли мо нагирад чунин рўйи об бино сохтанро... Агар бародари ман Картасис чизе ноҷо гуфтааст, ҷон ширинӣ кардааст.
Картасис мисли асби ситомаш сахт кашида пойи беқарорӣ мекўфт, ки чаро бародараш чунин дурўғ гўяд ва ўро ба коми аҷал андозад.
— Оре, ҷон ширин, бародар, вагарна ту пеши шоҳи мақдунӣ чунин дурўғ набофта будӣ. Ту он найӣ, ки барои рўдро убур накарданам ва шаҳракро оташ назаданам маро силаву гўшмол кардӣ? Тарсу хондӣ?
— Тут...тут...
— Осуда бошед, одати бародарони тахтхоҳ чунин бувад: ҳарду кўшанд, то якеро кушанд. Зеро «ду подшоҳ дар як иқлим нагунҷад.» – фармуд Искандар.
— На, шоҳ, – эзоҳ доданӣ шуд Картасис: — Маро тахту бахт зарурате надорад. Ман хостам ҷанг нашавад. Аз ин рў гуфти бародарамро иҷро накардам. Зеро мо як бор паймон баста будем, то наситезем ба ҳамдигар. Паймоншиканӣ кори безеб. Мартабаву обрўйро паст мекунад. Ва дигар бор чун паймон бандем...
— Чӣ гуна паймон?! – сахт гуфт Искандар. – Шумо миёни худ муайян созед, ки кадоме ҷурм доред! Ман зиёд дидам чунин саҳнаҳоро. Бахти ман: бародарон дар ҳар мулк барои хешро сапеду озод гардонидан ҳама бори гуноҳро ба сари якдигар бор мекунанд. То мўй аз хамир ҷудо кунӣ, сарҳо ҷудо шаванд. Ман надонистам, ки худоён чӣ гуна инсон халқ кардаанд? Мард он бувад, ки шамшер дар гарданаш гузоранд, қавл дигар накунад.
— Аз сар то ҳол як чиз гуфтам, шоҳ: Сатрак маро фармуд, ки Искандарӣ хароб кунам, накардам. Боқӣ шоҳ донаду ў.
— Ҳммм... Сатрак чӣ пешниҳод дорад? – гардан тофта пурсид Искандар.
— Агар аҳду паймон дигар шавад, чӣ боигарие скифҳо дошта бошанд, аз они Искандар гардад...
Сатрак хомўш монд, то Искандар чӣ фармояд. Искандар хомўш буд, то сарвари скифҳо чӣ афзояд:
— Беҳтарин зану духтари скифӣ они Искандар гардад...
—...

пешина
аз 411
навбатӣ