Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ва беҳтарин асб...
—...
— Ва беҳтарин дороии скифҳо...
— Беҳтарин дороии скифҳо чист? – таваҷҷўҳ кард Искандр.
— Беҳтарин дороии скифҳо – Сатрак...
— Сари Сатрак! – пурра кард Картасис.
— Ман, ки дорам Сатраку сари Сатракро?!
— Пас мулк они Искандар бувад!
Фармуд Картасис ва Искандар ҷониби Сатрак нигарист.
Сатрак: — Ҳамин тавр, шоҳ.
Искандар: — На! Маро Спитамон мебод!
Сартак: — Спитома гурги борондида бувад, сари ўро овардан...
Искандар: — На. Сари ў маро лозим набувад. Ўро зинда биёваред.
Сатрак: — Ин кор аз дасти ман наояд. Сарам гиред!
Искандар: — Искандар то имрўз сари шоҳеро нагирифтааст...
Сатрак: — Магар Доро...
Искандар: — На, Дороро ман накуштаам, шумо куштед, дўстонаш.
Сатрак: — Чӣ гуна мо? Мо, ки ўро надидаем, нашинохтаем...
Искандар: — Шумо на, вале шумо баринҳо...
Сатрак: — Нааа... Моро расид, ки Искандари мақдунӣ кушта шоҳи Порсро.
Искандар: — Дидед, бод чӣ дурўғ меорад аз Порс то Суғд:
Воқеан, шумо бо суғдиҳову бохтариҳо дўст наед. Ҳар гоҳ тохт меоваред, нобуд мекунед ва ғорат. Тохтҳои шумо бодиянишинон ба олам паҳн шуда. Агар тохтутозу ғорат ва бедодиатон набуд, мо ин шаҳракро насохта будем. Шаҳрак саддест, ки дигар шумо ба ин соҳил нагузаред. Мардумони тамаддунашон ба ҷое расидаро нороҳат накунед.
Картасис: — Мо накардаем чунин. Мо дўст ҳастем бо суғдҳо.
Паймони иттифоқ дорем. Якдигарро мадад кунем.
Искандар: — Чун?
Картасис: — Духтар диҳем, духтар гирем.
Искандар: — Агар душман ба сари яке ситезад, мададёр шавед?
Сатрак: — Нашудааст. Дар чунин ҳол ҳар тоифа бори хешро кашад.
Искандар: — Ҳо, донистам: шумо дар ин ҷо ҷангед, Спитамон дар Мароқанд ситезад, бохтариҳо дар Ориё овард кунанд ва...

пешина
аз 411
навбатӣ