Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Якбора таъхиру таваққуф кард Искандар, то чӣ ояд аз эшон.
Онҳо низ хомўш буданд, ки шоҳи мақдунӣ имтиҳон кунад, то чӣ ояд аз забонашон. Искандар боз кунҷкобӣ кард.
Искандар: — Яъне шумо бо Спитамон дўст ҳастед ва ўро фурўхтан нахоҳед?
Сатрак: — Фурўхта натавонем...
Искандар: — Чун?
Сатрак: — Зўрамон нарасад.
Искандар: — Агар зўр надорӣ, чаро ҷанг хоҳӣ?
Сатрак: — Ҳеҷ гоҳ нахостаам. Зарурате пеш ояд, аз рўйи тавон ватанро ҳимоя хоҳам кард.
Искандар: — Ватанро андаруни хона ҳимоя накунанд. Барои он ки ватан осуда бошад, бояд битозӣ! Биситезӣ.
Бародарон беихтиёр ба ҳамдигар нигаристанд, валек чизе нагуфтанд.
Искандар: — А? Тавонӣ? – ба Сатрак рў овард.
Сатрак: — Чиро?
Искандар: — Спитамонро!
Сатрак: — На! Ин кор аз дасти ман наояд! Сарам гиред!
Искандар ишора кард. Сатракро бурданд. Картасисро гузоштанд.
Картасис: — Ман хоҳам овард Спитамонро...
Искандар: — Чӣ гуна? Шумо, ки аз сояи ў метарсед?
Картасис: — Дигарон тарсанд. Ман тарсу наям.
Искандар: — Пас чаро бародарат туро тарсу хонд?
Картасис: — Зеро ки амрашро иҷро накардам.
Искандар: — Ва амри маро иҷро кунӣ?
Картасис: — Оре, шоҳ!
Искандар: — На! Шумо паймон доред. Набояд паймон шиканед.
Картасис: — Чӣ гуна паймон, шоҳ?
Искандар: — Шумо бояд зидди мақдуниён яктан биҷангед, аммо имкон надоданд.
Картасис: — На, шоҳ. Ман аз аввал зўру тавони лашкари мақдуниро дониста будам. Зеро шикастани миёни сипоҳи Порс кори
хурд набуд. Мо ҳама аз ин ҷанг сабақ гирифтем, ки бар зидди артиши Искандар наситезем.
Искандар: — Ва орӣ Спитамонро?
Картасис: — Бале, орам!
Искандар: — Ту озодӣ, Картасис. Аз пайи Спитамон бишав!


Ва баъд Искандар тасмим гирифт, ки андар шаҳраки Искандарии таъҷилӣ сохтааш базми пирўзӣ орояд ва кўфти роҳи дуру пархошҳоро барорад.

пешина
аз 411
навбатӣ