Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Рўзи аввал бо Барзину писари дўстрўяш Геракл фароғат кард. Валек хеле парешон буд. Зеро талафоте ки дар ҷанги дирўза дод, дар ҷанги бузурги Говгомол надода буд.
Ва чунин пархош суде наовард мақдуниёнро. Душман на шаҳр дошт, на диж дошт, на хазина дошт ва сарвате. Ҷуз зиён ва талафи дўстон ва асбон чизе набардошт. Аммо ба пирўзӣ шод бувад шоҳ.
Рўзи дигар ҳама сипоҳи пирўзро ба боргоҳ хонд: дар саҳни фарохи Искандарӣ ҷой дод; горди махсуси «Дўстон» наздиктар буд ва ҷондорону табори ў дар айвони кушоди бар об сохта маъво гирифта.
Геракл ҳамроҳи модараш лаби айвон нишаста ба об менигарист, оби равон чашмашро рабуд ва ў пиндошт, ки кўшки нишастааш рў-рўйи об боло медавад. Завқ буд ё ҳаяҷон, ки писарак як ларзиду хам хўрд ва модари ҳушаш ба моҳиёни аз об боло ҷаста буд ва надонист чӣ гуна писар ба об рафт. Фарёд зад ва зуд обдонҳо хештан ба об андохта Геракли рўйи об даҳонкушодаро дошта бароварданд. Искандар аз ин ҳол ғазаб накард, балки бо ифтихор гуфт: «Воқеан ту Гераклӣ, писарам!» – бузургиву қаҳрамониҳои Геракли диловари асотириро ёд овард Искандар.
Ва базм орост. Мисли базмҳое, ки дар пирўзиҳо дар толору тарабхонаҳои худиву ғайр ороста буд. Ҳолиё низ тамоми шаҳракро тарабхонаи хеш дониста ончунон пирўзиро базм карданӣ буд, ки мардумони дуру наздики мулку макон донанд. Бавижа ҳалқони шимолӣ, ки бо ҳар баҳона он сўйи рўд пайдо мегарданд.
Ва ҳамин чизро Искандар дониста дар он сўйи рўдбор сарпосу посбонҳо гузоштааст, то ҷашни пирўзиаш хубу хуш гузарад.
Базм аз шабнишиниҳои анъанавии искандарӣ. Ҳамон дўстони зиндамонда, сипаҳсолору сипаҳбаду сарфавҷу сарбозони ҷангида ва гетерҳои нозанину табор ва ҳама гуна хидматгузорони сипоҳу хонадони шоҳ. Ромишгарону ширинкорҳо. Боз Тойису Эрис арғушт мераванд дар пояи тахти сафарии шоҳ зону зада ва лўлиёна як даст дар миёну як даст болои сар домани кушоди пироҳан давраву чанбар гардонида. Майгусорӣ доранд. Бо ҷоми зарини порсӣ майи юнонӣ мехўрад ва баъзан шароби арғувонии ориёиро ҳавас мекунад.
Ланика – гетери собиқадору ҳолиё доя Гераклро либоси тоза пўшонида меорад. Искандар ишора мекунад, ки шоҳзодаро наздаш оранд. Ў либоси фохири шоҳзодагӣ дорад порсиёна ва шоҳ ўро сари даст бардошта «Шарқзод!» мегўяд ва ҳушёру маст баробар каф мекўбанд. Садои мусиқӣ аз нав баланд мегардад ба хотири шоҳзода ва садоҳо меояд:
«Барои шоҳзода!»
«Барои толеи неку бахти баланди Геракл!»
«Барои оне ки аз об баромад чу Мўсо!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор