Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гарчӣ шоҳзода ҳамаи инро дарку фаҳм намекунад, ҳамагон баробар каф мекўбанд ва Искандар писарро ҳар гоҳ болотар мебардорад ва Барзин табассум мекунад.
«Ягона шоҳзодае ки побапойи лашкаркаши бузург мегардад!
Зиндаву ҷовид бод!»
Искандар писарро ба майдон меорад ва ишора ба Барзин мекунад, ки низ ба майдон ояд. Вале ў чандон ба рақсидан майл надорад; дилаш меларзад ва мадораш суст мегардад. Шохҷоме меоранд Искандарро ва Барзин онро аз дасти сартаббох гирифта ба замин мерезад.
— Чаро чунин кардӣ, Барзин?
— Охир, бояд аввал ба ёди дўстон ҷуръае ба замин мерехтӣ ва баъд майгусорӣ мекардӣ. – Баҳона овард Барзин.
— Мо ин корро кардем, Барзин, ту дар ҳарам будӣ.
— Густохӣ аз ҷониби ман шуд... Ту шоҳ ҳастӣ, набояд аз шохҷом бода хўрӣ. Туро соғари шоҳӣ мебод!
Искандар сар меафшонад сўйи Барзин, ки беҳуда накунӣ чунин.
Бояд чизе бошад ва фаросоти ман нарасад ба он. Баъд яккалинг ба рақс даромада, Шарқзодро гирд мегардонад ва Ланика пеш омада Гераклро аз дасти падар гирифтанӣ мешавад, аммо писар ба гардани шоҳ мечаспад, ки маро хуш аст чунин ҳол, зеро Искандар на ҳар гоҳ ба ў чунин имкон диҳад. Ва шоҳ шоҳзодаро ба замин гузорад, то мустақил пой кўбад. Вале шоҳзода тарсида, магар аз об, ки ба по истодан нахоҳад. Барзин бардорад ўро ва шоҳзода аламзада гиряд.
Гетерҳо гирдгардон; дастафшону покўбон арғушт мераванд ва хандонанд. Баъзе ба ҳунари хеш ғарра, масти ҳавои мусиқиву рақси хеш ба тан, дасту бозу, домону нўки пойафзори худ нигариста, мустағриқ ба олами зебойӣ ончунон ҷилваю нозу карашма доранд, ки тазарв гоҳи мастӣ.
Валек Искандар парешонӣ дорад, ба касе изҳор карда наметавонад. Ошўби Мароқанд ёд меояд, дар таҳлука аст. Базмро парешон карда наметавонад. Агар якбора кўч бандад, дар чунин ҳол шаҳраки сохтаашро нобуд гардонанд. Зеро пурра барпо нагашта ва бегона тобад. Гоҳе ба он сўйи рўд менигарад, ки тамошо доранд базми ўро ва ваҳшиёна менигаранд ба базми мураттабу бонизоми мағрибиён. Зеро базмҳои онҳо ҳанўз ҳалқист ва гоҳ-гоҳе рух медиҳад; ҷаҳру ҷаҳл дорад ва баъзан худфурўзӣ, худнамойӣ, худафшонӣ. Пойҳоро паҳну фарох гузошта, дастҳоро болсурат дошта, ба сар пару боли мурғон зада, ба рўй рангҳо кашида, ба садои таблаку табира, гоҳо зарби даст ва садои махсуси гулўйӣ ва авҷи ларзиши лабҳо рақс мекунанд. Ҳолиё аз дур мепоянд чашми дидбонҳоро дуздида аз паси буттаҳову наистони лаби об.
Шабҳангом зебову хушрў тобад ин манзара: гоҳе ки машъалҳои сари чароғпоя, тани сутунҳо, равоқу шаҳнишин ва гўшабомҳо фурўзон гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор