Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ҳар он чӣ андар канори рўдбор аст, андаруни Сайҳун низ намоёну фурўзон бувад. Вале воруна.
Ҳатто сутунҳои дар об шикастаи кўшк. Оташи зери дег ҳам метобад дар об. Ва ин чиз кўчиёни биёбониро мароқангез бувад.
Онҳо андаруни об хуршеду моҳу ситораҳо ва баъзан сурати чангу гардгирифтаи хешро дидаанд, аммо чунин манзараи зеборо, ки ҳам дар ҳаво бошаду ҳам дар об бори аввал мебинанд. Ва фардо ин мушоҳидаҳоро ба ҳамнишинони нодида қисса хоҳанд кард.
Вале шоҳи мақдунӣ ноҷўрӣ дорад ва дар чунин вазъу ҳол аз Аристандр ё Барзин чизе пурсида наметавонад, балки бодахорӣ карданист то сияҳмастӣ, ки ғуборҳои дашти сўхтаро барорад.
Ва зери пардаи тира гоҳ-гоҳ Мароқанд ёдаш меояд, ки оташ гирифта бошад. Худ аз зуд меғуррад, ки касе дилу гурдае надорад, ки баъди оташ гирифтани рустои Суғд овард кунад. Ҷайши мақдунӣ бо сарфавҷҳои боэътимоду размида сафарбар шуд ба ёрии даставу гурўҳҳои дар маркази Суғд буда. Ба назари ў, боиси ташвиш набояд бошад.
БАНДИ ПАНҶУМ
Лашкари сеҳазораи Менодеми сипаҳсолор шаборўз асб меронд, ки биёбони гармизоро убур карда, аз канори Танаис то маркази шўридаи Суғд Мароқанди ободон расад, ки дар он ҷо Спитамони ватанхоҳ хурўҷ кардааст. Муроди яли суғдӣ пайи меҳмонони нохондаи ҷоҳталаби мақдуниро аз ин покбум рўфтан буд.
Аз рўзе ки Дорои Кудумон андар канори рўдбори Граника пушт ба душман гардонда рў ба гурез овард, Спитамон андеша мекунад: «Чӣ бояд кард?» Ба пурси хеш посух ёфта наметавонад. Зеро сатрапҳои вилоятҳои Порс, сарлашкарон, сарфавҷҳо, солорони сипоҳу гурўҳҳо дар сухан яканду дар амал ҷудо. Ҳамон тарзе ки мақдуниён таъна бар порсҳо зананд. Зайле ки раҳораҳ Спитамон диду донист ва гоҳе дар чунин нобакориҳо шарик низ буд. Ва ҳолиё андеша дорад, ки иттифоқчиёнаш масагетҳо, скифҳову сакоиҳо ва дигар тоифаву қабилаҳои кўчӣ, бохтариҳо, эрониҳо дар лаҳзаҳои танг аз ў рўй хоҳанд тофт. Медонад одати эшонро.
Аз ин рў Спитамони Суғдӣ танҳо ба донишу маҳорати ҷангиву бозуи мардуми хеш бовар дорад. Бисёр дидаву бовар карда, то ба ин ҷо расид. Ва медонад, ки аллакай хабари ошуфтани ўро ба Искандар расониданд ва аз ў дастур гирифтанд. Ба роҳ афтодани сипоҳи сеҳазораро низ донад.
Аз ин рў роҳу равиши ҷангии хешро дигар кард: ў омўхта буд усули набарди мақдуниёнро. Онҳо душмани гурезонро то охир дунбола мегирифтанд, то замоне ё ҷое ки дар тангное ё убургоҳе гулўгираш кунанд. Бино бар чунин ҷанг Искандар чун сипоҳи мағлуб рў ба фирор овард андар биёбони моварои Мароқанду Сайҳун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор