Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Сипоҳи тозафиристодаи Искандар ба фавҷҳои андар Мароқанд гузоштааш нарасида, чун фавҷи шикастхўрда гурехт.
Ў рў ба скифҳо фирор кард ва якбора дар биёбони кушод ғайб зад.
Дар чунин гирўдор сипоҳи дунболагири мақдунӣ дучор омад бо скифҳо. Онҳо то дарёфтанд, ки бо скифҳои паймонбаста меҷанганд, кор аз кор гузашта буд. Спитамон аз фурсат истифода карда, бо скифҳо ёр шуд ва овехтанд андар биёбони кушод. Скифиҳо шашсад нафар саворони чобуксавор буданд. Ончунон овезу ситез шуд, ки дашт дуд кард. Сипоҳи нопурраи мақдунӣ аввалин бор бо фавҷи тавонои шарқӣ дучор омад ва тавону нерўи душманро дида, пас нишаст. Гўйӣ асбони ҷангии мақдунӣ имкони рў ба гурез овардан наёфта пас-пас мерафтанд ва ҳамон зайл ба думғоза менишастанд. Гумон меравад, ки скифҳо аз паймоне ки бародари шоҳи скифӣ Картасис бо Искандар бастааст, огоҳӣ надоранд.
Спитамон низ аз чунин паймон воқиф нест. Вагарна аввал бо онҳо овард мекард ё бо онон намеомехт.
Сипоҳи тозарасидаи мақдунӣ на ба Киропол расид ва на ба Мароқанд. Балки дар нимароҳ биомехт бо фавҷҳои кўҳнаи дар Мароқанд чун дастаҳои пирўз монда. Вале ба зўру зарб ва диловарии сипоҳи суғдӣ ва чобуксаворони скифӣ тоб наоварда пас нишаст ва аз ҳамворию биёбон ба доманаи кўҳҳо дакка хўрд.
Чунки онҳо шароит ва мавқеи сарзаминро намедонистанд ва гўйӣ дар тирашабон аз таваккул роҳ мепаймуданд. Тахтапушт ба қаторкўҳҳои рўди Нимич ва рўй ба лашкари суғд, тақрибан панҷ фарсах дуртар аз шаҳри Мароқанд меҷангиданд. Чунон ки лашкари Спитамон ногаҳон дар биёбон ғайб зада буд, сипоҳи паснишини мақдунӣ низ андар канори рўдбор ғайб зад. Ва чун харгўшони тарсу якбора даруни бешаи сабз фурў рафт.
Спитамони сурхпўсти бузургчашм, ки рагчаҳои сурхи хунгард дар сапедиаш дида мешуд, як даста оташро мемонд. Мўяш фатила ва пўсти рўяш таранг, биниаш теғдори рост, пешонӣ фарох, абрўвонаш низ рост, дандони раддаи симзада дорад аз миёни ришу мўйлаб дандони мор барин метобад. Барбастаи расоқомати китфу бозудор, сарсина бурунҷаста. Чашмонаш тез, нафасаш тез ва хунаш тез. Зуд дармегирад; чун равғанаш зиёд аст, ба зудӣ хомўш намегардад. На Доро монад ўро ва на Бесус. Макраш кам, вагарна Искандарро мемонд. Ба ҳайат бузургтар аз Искандар… Ҳолиё дар баландии Саразм болотар аз дижу кўшк нишаста дарёободи сердарахту бо буттаҳои ангату сияҳбеду зарбеду гули газ пўшидаро аз назар мегузаронад ва пиндорад, ки бехи ҳар бутта куштае хобида ва нимҷонҳо аз чавгони бедҳо мадад ҷуста даст меёзанд, то дошта аз ҷой боло шаванд, аммо мадорашон намерасад. Ҷанги хунин буд ҷанги имрўза. Ҳоло ҳам нафаси Спитамони диловар тез аст, набзаш тезтар мезанад, дилаш зудтар метапад ва шукри Яздон мекунад, ки мададёр ва ёрманд бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор