Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агар ранги нишасташ ҷангро идома надода, омада бар ин теппача менишаст, мақдуниёни ҳаллагар ва ботаҷриба роҳу равиш пайдо карда, сипоҳи суғдиро дар буни буттаҳо якмарг мекарданд ва онгоҳ рўдбор аз хуни суғдиён ранг дигар мекард, вале дар ин пархош хуни мақдуниён оби мусаффоро сурх гардонд. Чун савора ба дунболи гурезаҳои мақдунӣ даруни беша рафтан имкон надошт, Спитамон фармуд пиёдагон дунбола гиранд ва саворон пешгардон бо роҳи Саразм рафта чун найҳои беша сарбозонро сар зананд.
Саворсолори мақдунӣ Қорун худсарона фавҷи савори мақдуниро ба соҳили дигари Нимич гузарониданӣ шуд, даставу гурўҳҳои дигар раҳгум буданд. Ҳар кас ба сари худ амал мекард, рўзи сипоҳи Порс ба сари сипоҳи мақдунӣ омада буд.
Пиёдагардони якунимҳазораи мақдунӣ бо шасти аз беша баромадан худро ба рўд заданд, то онро убур карда дар ҳимояи саворони Қорун бирасанд. Саворони суғдӣ чун бесомонии эшон диданд, фурсат ғанимат дониста, тохтанд ба сари онҳо. Тир мезаданду найзаву синон шиноваронро ва онҳоеро, ки ба карона расида буданд, бозмекашиданд ба об ва сар даруни об дошта, нафасгардон мекуштанд. Ҳар олоту аслиҳаи ҷангӣ, ки буд, ба кор даромад, ба ҷуз табира ва карраной. Хун омехт обро ва дуд баровард рўд.
Поёнтар аз дижи Саразм ҷазираи хурдест сабзпўш: оби соҳили рост хингу регдор ва ҷўйбори чап тоза меояд; зеро ин об аз Фушун ҷудо шуда зери рег меравад ва полида гашта, бо наҳри миёни беша суст ҷорӣ шуда, поёнтар мазраъҳоро шодоб мегардонад ва пасобаш боз ба рўди бузург мерезад. Ҳолиё сипоҳи савораву пиёдаи мақдунӣ андар ин ҷазираи сохта ҷойгиранд ва аз гуруснагӣ заргўшҳоро дунбола мегиранд. Аммо рўҳи сайёдӣ надоранд ва баъзе аз бемадорӣ даст сўйи гўшдарози зери бутта ҷой гирифта наёзанд. Дастаи Менодем, фавҷи Андромен ва тарҷумон Фарнух аз зарурат ин ҷо маъво гирифтаанд, вале ёрои набард кардан ё аз ҳалқа баромадан надоранд.
Скифҳои савора тохт оранд ононро ва баробари ба ҳаво паридани товусҳо тир бар онҳо зананд.
Спитамони тезҳуш фурсат мувофиқ донист ва ҳалқаро танг кард. Дили ҷанговарони мақдунӣ тангтар шуд. Аз чунин азоби дерёз ҷон ба лаб доштанд ва лаҳзаи пошхўрдан расида буд. Аммо умед доштанд, ки ҳолиё Искандар даррасад ва онҳоро аз банди обӣ раҳонад. Сарфавҷҳо, сипаҳбадон ва ялони мақдунӣ машварат оростанд: сўҳбат кўтоҳ карданд, ки аз чунин бандҳо зиёд растаанд ва боз як зўри Искандарӣ зананд. Ва якбора ҳалқаи тангомадаро гусастанӣ шуда, дамиданд. Пархош карданд тан ба тану даста-даста ва мемонд ин овард ҷангҳои қабилавию авлодиро.
Шамшерзанони суғдӣ далериву диловарӣ доштанд; камонварони скифӣ тир мезаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор