Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Канори об, буни дарахт ва зери ҳар бутта мурдае буд ва қисми зиёди мурдаҳо даруни об буданд. Рўдбор сар ҷудо мебурд ва тан ҷудо. Зиёд куштанду бисёр асир гирифтанд.
Ҳайратзада буданд бандиёни мақдунӣ, ки чӣ рух дод бо онон, ки ба чунин ҳол афтоданд. Зиёда аз ду ҳазор сипоҳи мақдунӣ нобуд шуд.
Хабари талафоти бемислу монанди мақдуниён андар рўдхо-
1 наю бешаи Политимет Искандари Мақдуниро ғамӣ гардонд.
Айши шоҳ мунағғас шуд ва дер гоҳ сар ба каф ниҳода ба андеша рафт, ки асбоби бебарории сипоҳи мақдунӣ дар чӣ бошад. Вале дарёфт накард. Худ ба худ ба хулосае омад, ки норизо будани сарбозони мақдунӣ ва дигар иштирок накардани шоҳ дар набард.
Ва боз андеша дорад, ки Спитамон қасди ҳамаро биситонад аз онҳо. Сарони лашкар, устодон, пирони корро бозхонд ба девони Искандарии Ақсо ва машварат орост. Дарёфту ба касе нагуфт, ки Пармониёни сипаҳсолор нарасад сипоҳи ўро, раёсати ўро, машварати ўро. Беқарорӣ дошт ва зуд-зуд аз пайки оварда хабар пурсон мешуд, ки Спитамон чӣ мардест.
Пеши назараш суғди зардинапўсти сурхмўйи ажриқичашм меомад ва шоҳи ҷаҳонгир дандон гиз мекард, ки нарасад лашкари ўро чунинон. Олуғда буду мехурўшиду ситез дошт, ки пўсти ин рўйинтани таҳҷойиро зинда ба зинда канад. На Порс дошт чунин шерро, на Бохтар ва на Ориё...
«Ба сўйи Политимет!!!»
Ҳар чизе дар дил дошт, бо ин садо бурун овард. Сипоҳи савору пиёдаи ў дарёфтанд, ки шоҳ ташна шуда ба хуни сатрапи Суғд.
На шаҳраки Искандарӣ, на кўшку кошона ва ҳараму ҷоҳу ҷалол ба назараш натофтанд. Ў нимпўшидаву ним нопўшида якпой дар рикобу пойи дигар кашол ҷилави Бусефали пир гардонд сўйи Суғд.
Чаҳорнаъл гиронд асбонро. Сипоҳи пиёда супурд Кратерро. Он қадар тунду тез мерафт горди ў ва фавҷи савора, ки гарди тира боло шуда аз замин рўйи хуршедро мепўшид. Он чунон таку тоз дошт, ки ҳеҷ лашкар надошта. Ба назар менамуд ва аз дили баъзеҳо мегузашт, ки асбон то Политимет нарасида пешпо хўрда, аз ташнагиву бемадорӣ мемиранд. Вале лашкаркаши бузург ба чӣ умед дошт, ки болдор мерафт. Агар дар ҳама лашкаркашиҳояш осуда, ором ва бо таҳаммул буд, ҳолиё ошуфта, парешон ва тунду тез метофт. Ва хаёлаш пештар мерафт ба овардгоҳ ва тасаввур мекард, ки разми рўёрў мешавад ва Бусефали ў ҳама асбонро зери сум меорад.
Ба чанд рангу навъ хаёлан пархош дорад ў ва дар ҳама намудҳо пирўз меояд. Сонӣ усули куштани Спитамонро пеши назар меорад:

  1. Политимет – Зарафшон.
пешина
аз 411
навбатӣ