Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

бо шамшер мепарронад сарашро; жўпин мезанад синаашро, ханҷар мехалад ҷигарашро; сари найза бардорад танашро... ва боз зиёд.
Чун ҳаяҷони зиёд арақшораш мекард, боди таки асб ҳам онро хушк карда наметавонист. Ва ҳар бор, ки бо пушти даст арақро виреҷ мекард, лаҳзае Спитамон ва ҷанги ў аз пеши назараш мерафт. Боз мехурўшид чу шери жаён ва медамид сари зин, ба назари худ кўҳ мегашт, ки кўҳи дигарро зада чаппа мегардонда бошад.
Биёбони канори Танаис ва регзорҳо паси сар шуданд ва Искандар субҳи чаҳорум ба Киропол расид. Ба назари ў ин роҳ он қадар тўлонӣ намуд, ки аз Пелла то Яксарт чунин дарозу пуразоб набуд. Бо ҳамон ҷаҳл, ғазаб ва шўру шаре, ки шоҳи мақдунӣ роҳ паймуду ба Мароқанд ворид гашт, Спитамони Суғдиро меҷуст.
Аммо ўро дар ин мулки обод пайдо накарда чу шери жаён ғуррид ва чун шағоли сайд аз даст дода дандон соид. Бо ҳамон оташи фурўзони тану даст рў ба рўдбори Политимет овард ва тару хушк бисўхт. Мардуми қадоба ба кўҳпора рў оварданд ва паноҳ бурданд андар ғору камар. Овозаи омадани Искандар водиро ба ларза овард. Рабуду хароб карду сўхту қатл кард. Бетафовут бикушт хурду бузург. Тира гашт фазо аз дуди сўхтор ва оҳи заифон. Хуршед рўй пинҳон кард аз чунин кирдор.
Ва аммо дар ҷое пайдо накард Спитамони Суғдиро. Скифҳои паймоншиканро. Пасон оварданд, ки Спитамон фирор карда болорў. Дунболагир шуд Искандар ва сари роҳ ҳар чӣ пайдо шуд, бисўхту хароб кард, ҳар кӣ пеш омад, бикушт. Чу болотар бирафт, назди дижи хокиранги Саразм сӣ тан ҷавонони баҳушу сарбаландро бидид, ки дастобадаст силсилабанд гашта, пеши роҳи сипоҳи Искандарро мегирифтанд. Искандар, ки аз муроди эшон воқиф набуд, фармуд иҳота кунанд ва даст гиранд. Вале дасти ҷавонони беҷангу ситез таслимгашта чунон ба ҳам печида буданд, ки баъзеро бо шамшер ҷудо карданд. Баъд гоҳи саф оростан Искандар аз эшон пурсид, ки чӣ иддао доранд? Ба сурўдан оғозиданд:
«Сар медиҳему ба душман тан намедиҳем!
Ҷон медиҳему ватан ба душман намедиҳем!»
Искандар донист, ки мурод чист, давоми сурўди сӣ танро гўш накард. Фармуд:
«Ба дор кашед!»
Ва ҷустанд пояи дор, пайдо накарданд.
Пирмарди аз ҷон гузар карда, ки наберааш миёни эшон буд, пеш омад ва гуфт:
«Дар ин мулк расм нест, ки касро ба дор кашанд.»
«Агар нест, расм хоҳад шуд!» – сахт гуфт Искандар ва бори дигар амр кард, то пояҳои дор пайдо кунанд.
Сўйи қаср рафтанд, ба беша хамиданд. Сӣ пояи дор сохтанд дар тали баланди канори Политимет. Дуртар аз дижи Хинг тал дар ҷое воқеъ гашта буд, ки чаҳор ҷиҳат метофт: Мароқанд, қаторкўҳи Фушун, силсилакўҳҳои Ҳисор ва кўҳҳои зина-зинаи Офтобнамо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор