Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун имрўз тира буд ва рўйи рўдбор меғгирифта, ҷуз ғубор чизе ба чашм намерасид.
Сӣ ҳалқа кашол буд ва аз боди рўди Фушун алвонҷ мерафт чун ятимони беқарор. Ва сӣ қотил назди пояҳо истода мунтазир буданд фурсати ҳалқа ба гардани ҷавонсуғдиёни бедор андохтанро.
Сӣ тан на орзуи ситез доштанд, на пойи гурез. На сахт мегуфтанд, на сақат. Хомўш, вале сарбаланд ва сарсинаҳо дамида ба ранги пирўз.
Чун фармуданд, ки сӣ тан зери дор раванд, боз даст ба даст шуданд онҳо; ҳатто панҷаҳои шамшербуридаи хуншор печиданд бо панҷаву бозувон ва сурўданд шеъри озодӣ:
«Сар медиҳему ба душман тан намедиҳем!
Ҷон медиҳему ватан ба душман намедиҳем!»
Искандар биандешид ба хеш, ки агар ҷасуру родмарду диловаранд, чаро набард накарданд; ба пешвози марг бо сурўди миллии озодихоҳӣ баромаданд? Хеле сар шикаст Искандар, то замоне ки онҳо сурўдхонон як ҷону як тан зери дор шуданд ва паҳлўи ҳалқаи муҳаррик қарор гирифтанд: «Ё барои гурезонидани сарварашон Спитамон буд?» Чашми шоҳи мақдунӣ ба онон афтид, ки сарашон абр месояд.
Хуршед ҳанўз ҳам рух наменамуд. Вале якбора намуд, ки дар сақфи осмон метозад. Вале ҳарчанд он сӣ тан сўйи боло нигариста муайян кардани шуданд, ки хуршед чӣ гуна давад, яқин карда натавонистанд, балки дарёфтанд, ки бод вазида меғро сўйи машриқ мебарад ва ин хокистар рўйи оинаро тоза мекунад. Рух намуд хуршед ва чашми он сӣ танро рабуд. Зеро он сӣ ватанхоҳи суғдӣ заминро паст дониста, сарбаланд бар он ташти зарини гунбади минуйӣ менигаристанд, то сарбаландона беҷурму гуноҳ сар супуранд. Аҳура Маздои бузург донад, ки маликурруми оламсўз ононро ҷабран нобуд мекунад.
Қотилони мақдунӣ дудаста ҳалқаҳоро кушод медоштанд, то ба гардани озодмардони суғдӣ биандозанд ва падаҳои нимпўсидаи аз ҳар ҷо овардаашонро пой зада, аз зери пойи онон дур андозанд ва ҷасади ҷавонони суғднаҷод муаллақ монад андар сари дор. Вале Искандар дид, ки ҷавонон болобаланданд ва пояи дор пастӣ мекунад, кор бо задани зеркундаҳо сомон наёбад, балки пойи онон ба замин расад. Масхарабозие шавад.
Сӣ тан беист гоҳе чашм пўшидаву гоҳе кушода рўй ба хуршед сурўди миллӣ мехонданд. Гоҳ ғаши Искандарро меовард ва гоҳ ба ҳарфи тарҷумон бодиққат гўш дода мефаҳмид, ки радон чӣ хуб мегўянд, то чӣ андоза ватану халқу ин кўҳсору обу гилро дўст медоранд «покбум», «биҳишт» ном баранд онҳо. Чизе танг омад гулўяшро. Даст бар гулў бурд ва соид. Донаи буғзӣ на фурў мерафт ва на бурун меомад. Ғайри ихтиёр буд чунин рафтори ў.

пешина
аз 411
навбатӣ