Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чашмдор буд, ки ҳолиё пада аз зери пояшон меравад ва ҳалқа бар гарданашон танг меояд ва гулўи озодагон низ чунин донадор мегардад ва баъд...
Пой заданд ҷаллодон падаҳоро. Вале на ҳама аз зери вазни гарони онҳо бурун рафт. Зеро пойу вазни онон пахш мекард падаҳои нимпўсидаро. Оне ки рафт, пойи суғдӣ ба замин расид, оне ки нарафт, ҷавонсуғдиро баланд медошт.
Ва ҳолиё низ сурўди миллии озодагон аз як забон садо медод.
— Озодӣ бахшидам эшонро!!!
Садо дардод Искандар родмардии ононро дарёфта. Ва боз чизе буд, ки бори нахуст амри ў аз ғайб иҷро нашуд: ҳалқаҳо надавиданд ба гардан.
Қотилони ҳайрону ба ларза омада дасту по хўрда, ҳалқаҳо аз сари маҳкумони марг бозпас мекашиданд, ки чӣ шуда бо шоҳ.
Сӣ тан ҳанўз сурўданро идома медоданд, то Искандар бифаҳмад, ки муроди онон озодии сӣ тан набуда, намоишашон зидди ҷангу хунрезист ва забткорист ва тохт ба сари дигар халқон овардан бувад. Искандари таълими Арасту гирифта аз рўйи тарҷумаи порсҳои забондон ҳама рамзу маъниҳои сурўдро фаҳмида буд.
Озодӣ бахшиданашро шарҳу эзоҳ надода, дигарбора ба озодон пурсу посух накарда, ба дижи хинги назарногир нигоҳе накарда, дунболагир шуд Спитамони Суғдиро, ки ба назари шоҳи мақдунӣ яғмогар тобад. Яғмогар, роҳзан ном мебурд ўро. Вале чун ангораи Спитамон пеши назараш меомад, танашро мурғак медамид ва хештанро меафшонд чун фарди сармохўрда.
Бар бадали ду ҳазор сарбози мақдунӣ, ки суғдиён кушта буданд, Искандар як саду бист ҳазор сарбози сипоҳи Спитамонро аз дами шамшер гузаронду нўки тиру неши теғу жупин овард. Лек қаноат накард ба чунин қасосгирӣ. Зеро коре, ки Спитамон кард, мислашро шоҳи мақдунӣ надида. Ва боз соли пур мешавад, ки ўро сарсону саргардон медорад ва дар ҷанги рў ба рў намеояд. Сарлашкари бузург хаставу монда шуд аз тохту тоз ва дунболагирии зиёд ва донист, ки аз кўчиёни биёбон ва рў пинҳон карданҳои Спитамон чизе ба даст наояд; саргардониҳои беҳуда ва талафоти зиёд.
Искандари сонӣ Спитамони нотандеҳро дар ҳама майдонҳову биёбонҳо ва рустову шаҳрҳо меҷуст, вале пайдо намекард. Ҷўё расид то канори Танаис ва донист, ки боз бо скифҳо пайвастааст ва андар моварои Яксарт нерў ғун меорад. Тасмим гирифт, ки ў найранг мекунад ва мақдуниёнро аз рўдбор гузаронида, бо иттифоқчиёнаш дод ситониданист.
Чун даймоҳ фаро расида даштҳои массагетиро боди тунд хокрўб мекард, Искандар нахост боз азоби сармо бикашад. Баргашт. Лашкари сеҳазораи хешро дар марзи Суғд гузошт ва сипаҳбад Певколайро сарвару раҳбар гузошта, ба Бохтар баргашт, то зимистонро дар он мавзеи муросокор гузаронад.

пешина
аз 411
навбатӣ