Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Дар он ҷо низ оромӣ надошт, ки суғдҳову скифҳо амон нахоҳанд дод. «Бадгуҳаранд скифҳо, паймон шикананд...»
Ҳанўз бо бохтариҳо нақшаҳои набарди зидди суғдиёнро паймон набаста, асбони бохтариро ба овардҳои тоза муҳайё насохта ва ҳолиё шоҳ нафас рост накарда ва аз базму рақсҳои гетерҳои нозанин сер нашуда; умуман реҷаи корҳои бузургро накашида, фиристодаҳо, тарсуҳо ва корафтодаҳо омаданд аз ҳар мулку кишвар. Ҳокими Хоразм Фарозмон бо як ҳазору понсад савори хеш фармуд, то Искандар бипазирад. Чун Искандар аз чунин ҳоким ва мулки ў иттилое надошт, аввал омўхт, пасон пазируфт.
— Равшан бод Маликуррумро, ки ҳокими Хоразм ба хидматашон расида.
— Хидмат?
— Дар ин дунё аз мўр то аждар ҳама душман доранд, вале душмани тавонову нерўмандро эътироф мекунанд. Шоҳи ягонаи гетӣ Искандари Мақдунист, ки душманонаш ҳама мўру малаханд.
Нерўву лашкари ў ношикастанист. Аз ин рў мо хоразмиҳо ба хидмати шоҳ расидем, то дар иттифоқ бошем ва ягона. Мо низ душман дорем: колхҳо ва амазонҳо. Бо сарварии шумо бояд бар зидди онон биҷангем.
— Ҳммм... – мадд кашид Искандар: — Ин амалиётро мо бояд мавқуф гузорем. Ҳоло ҷойҳои забт нашуда зиёданд; баъди забти Синд дигар мулкҳоро низ бояд зери тасарруф овард: ба мисли Геллеспонт, Пропонтида ва Понти Эвксин. Вале бадтар аз ҳама Спитамони Суғдӣ ва скифҳо...
— Спитамони Суғдиро ба иттифоқчиёни ў супоред, шоҳ.
Скифҳои саҳройӣ худ аз худ таслим хоҳанд шуд. Ба шунидам, пешвояшон Сатрак аз олам гузашта, бародари ў Картасис хони скифҳо шудааст.
— Шунидам... Вале онҳо кўчиёни ноустуворанд...
Искандар метавонист қиссаи ба даст афтодани бародарони скифиро ба меҳмони хоразмӣ якояк бигўяд, аммо худдорӣ кард.
Фақат пурсид, ки асбони хоразмӣ ҷангро ба кор оянд? «На, инҳо саворианд. Асбони ҷангӣ дар Хоразманд.» Искандар донист, ки бо кӣ иттифоқ мебандад. Тўҳфаю хостаи эшон напазируфт ва гуфт:
— Ҷангҳо тамом шаванд, то шумо хоҳам расид...
Ва хоразмиҳоро гусел накарда, фиристодаҳои скифӣ расиданд.
Искандар эшонро баъдтар пазируфт.
— Пайғоми дўстӣ овардем, – фармуд сарфиристода ва инъому хостаи шоҳи скифиро пеш овард. – Хоса аз Картасис... Пешвои мо аҳди дўстӣ ва бародарӣ дорад.
— Дар ин боб паймон кардаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор