Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Сўхтам, мефаҳмӣ, сўхтам!
Пиндошт ба чанд маънӣ гуфтани ўро Искандар пай мебарад ва ў чунон фармуд, ки сермаънотар аз фармудаи Барзин буд:
— Сўхта сўйи об давад, аммо андар об сўхтан аҷаб аст.
— Сўхтам, мефаҳмӣ, сўхтам! – фарёд зад ў ва боз хештан бар об андохт. Надониста, ки жарф будааст. Фурў рафт ва муддатҳо пас рўйи об омад. Даҳон кушод, то чизе гўяд. Натавонист. Искандар донист, ки ў ғарқ шуда. Чун Геракл дар дасташ буд, натавонист худро бар ў занад. Писар канори рўд ниҳод ва нигарон гашт, ки Барзин намояд. Чун ў бори дигар намуд, Искандар қадаме пеш андохт, низ фурў рафт ва зуд пояш ба санге расида, боло омад, каф зада аз нав Барзинро рўйи об баровард ва кашид ҷониби писар, ки аллакай ба об омада буд. Барзинро рўйи рег ёзонд.
Гўйӣ даму ёд надошт. Искандар даҳон ба даҳони Барзин гузошт, то нафас диҳад, Барзин аввал нарм ва баъд сахт макид лабони Искандарро. Шоҳ ҳайрон монд аз кирдори Барзин ва қасдан лаб аз даҳони ў нагирифт.
«Ёд кардам.»
Оҳиста гуфт Барзин. Искандар қомат афрохта, ба ҷондорони аллакай ҳозиршуда фармуд:
— Хайма занед ин ҷо!
Ва Гераклро бардошт аз лаби об.
Аз чунин фармони шоҳ ҳамагон рўҳ гирифтанд ва донистанд, ки ў фароғат мехоҳад. Дуртар ва поёнтар аз хаймаи ў ҳамагон андар соҳили рўд маъво гирифтанд. Ва чун мурғобиҳои ранга даруни об шуданд.
Либос бар тани Барзин часпида буд ва барои он ки пайкари нафис ва андомаш аз зери пироҳани ҳарир ва такпўш натобад, писар дар бағал рўйи санге нишаст то истех кардани чодар. Баъд дохили пардасарой шуд ва бадар кард пўшоки тар ва ҳамон зайл рўйи қолии эронӣ дароз кашид ва нигарони шоҳи тарлибос буд.
Вале Искандар сари истахр буд ва чангу гарди роҳ аз тан меканд ва аз серунии рўди кўҳӣ ҳаловат мебурд.
Наздиктар аз ҳама занон ва гетерҳо ҷой гирифта буданд. Занони зебои бобуливу эронӣ, ки ба зару зўр ҳамроҳ оварда буданд, майли ба об даромадан надоштанд, балки ҳанўз ҳам шарм доштанд ва тоқат мекарданд ба гармо. Искандар дуздида-дуздида менигарист он сў ва ҳайрон мемонд шикебоии ононро.
Чун танаш нафаси тоза гирифт, ворид шуд ба сарой ва Барзинро бараҳна хуфта дид. Геракли хурдакак низ лучи модарзод буд ва хобаш бурда. Искандарро хуш омад чунин ҳол, низ либоси тар бадар кард ва ёзид миёни Барзину писар...
Садои рўд ба гўши Искандар шаввв-шуввв... мерасид.
Ғунуданд низ. Чун бедор шуданд, садои занон меомад. Мағал буд. Барзин аз ғурфаи хайма нигарист он сўй ва занонро дид, бо кафҳо об мепошиданд ба ҳамдигар ва садои чирру пиррашон меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё