Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ин қадар хонумҳои бобулӣ чӣ зарур буданд дар сипоҳи ту? – ғайриихтиёр пурсид Барзин чашм аз чашми пардасарой нагирифта. Чун посух наомад аз Искандар, пиндошт нашунид.
Рў овард: — А? Чӣ зарур буд?
— Чӣ? – гўё нашунида буд.
— Ин қадар зан?
— Рашк?
— На! Дар омади сухан гуфтам.
— Ёдат бошад, мо дар аввал қавл дода будем, ки дар ин мавзўъ сўҳбат нахоҳад шуд.
— Ёд дорам. Вале ин занҳо бар зарари сипоҳи мақдунӣ кор кунанд.
— Чӣ гуна?
— Сарфавҷҳо гирифтор, сарбозон орзуманд. Чунон тобад, ки касе орзуи набард надорад. Гўйӣ сипоҳи юнонӣ барои айшу ишрат омада.
— Воқеан чунин бояд бошад. Зеро мо пирўзии беназир ба даст овардем. Охирин намояндаи давлати бузурги Ҳахоманишӣ бункан шуд. Чунин империяеро кас ёд надорад, ки зиёда аз дувист сол салтанат карда бошад. Як шаҷараи бузург, як дарахти азими сершоху реша бувад, ки бар Олам паҳну фарох гашта... Ва ҳолиё, ки як давлатчаи хурди Мақдуниё бо кўмаки Юнон ин дарахти бемислро решакан кард, шоистаи пирўзӣ ва шодмониву базм аст. Вале чун Дорои Саввумро мурда дарёфтем, назебад чунин базм моро... Аммо шоиста бувад базми шароб кардан.
— Чӣ шавад, агар Искандар шароб нахўрад?
— Он гоҳ Искандар бимирад... Зеро ғубори роҳро танҳо шароб шўяд ва хастагиҳоро рафъ кунад.
— Ҳар кӣ нахўрд, бимурд?
— Оре, бимурд... ва оне ки бихўрд, низ бимурд.
— Пас?
— Пас, бояд бихўрд.
— Бихўр Искандар, бихўр! Чун дигар дилхушие нест, бихўр.
Искандарро хуш наомад ин ҳарф. Харпанҷа аз зери сар кушода, аз миён болоро аз рўйи қолӣ бардошт ва ҳайратзада пурсид:
— Чӣ гуфтӣ?
— Ҷанг он қадар мағзи шоҳ Искандарро печонидааст, ки рағбате ба дилхушӣ намонда.
Искандар магар аз ғанаби кўтоҳ фароғат ёфт ва осуда гашт, ки сабук ҷаст, як назар аз паҳлўи ғурфаи чодар нигарист ба занони обтан, вале чун онҳо хубтар аз Барзини симтан набуданд ва тани бараҳнаи онон ҳолиё ба ҳам расида Искандарро ангехта буд, ў занро озод бардошт ва аз нав бар қолии эронӣ хобонда, бозиҳо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё