Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Пешвои мо фармуд, то пайванди хунӣ дошта бошем...
Занону духтарони скифӣ бояд аз Искандар ва модиёнҳои мо аз айғири Искандар насл гиранд.
— Напазирам. Агар муроди Искандар зану духтари шумо буд, то ин ҷо намерасид. Гетерҳои юнонӣ хубтарин занони дунё, хубони порсӣ назире надоранд дар олам. Ба Картасис расонед, то паймони аввалро ба ҷо орад...
Сарраммол Аристандр фориғи кор ба ҳузури Искандар омада раҳораҳ андеша мекард, ки боз чӣ рух дода бошад. Ба назари ў ҳама рафтору кирдорҳо дурустанд; чунон ки ў гўяд, рўй диҳад. Аз ин рў эҳтироми коҳин зиёд аст назди шоҳ. Аммо Барзин баъзан донотарошӣ карда халал мерасонад, шоҳ тез мешавад ҷониби ў ва чун баъди таъхиру гирифтҳо гуфти Аристандр рост мебарояд, боз ўро ситоиш мекунад. Вале ба хотири рост наомадани тахмину натиҷа Барзини доноро сарзаниш намекунад. Аристандр ҳамин чизро мехоҳад; мехоҳад шоҳ ўро сарзаниш кунад ва ширкаташро дар чунин корҳо манъ гардонад. Зеро на ҳама фолу пешгўйиҳо дуруст барояд. Барзин пешакӣ росту дурўғ будани гуфтаҳои ононро донад, зеро нафорад эшонро. То алвақт ҳама пешбиниву пешгўйиҳои ў яқин мегардид. Гоҳи андар дарёободи Политимет шикаст хўрдани сипоҳи мақдунӣ Искандар ба сарраммол хашм гирифт, ки дурўғ гуфт. Вале чун бо сарварии худи шоҳ мақдуниён бар суғдиён пирўз омаданд, боз имон овард Аристандрро. Ҳолиё намедонад, ки шоҳ чӣ фармояд.
— Пешомад чист, Аристандр?
Коҳини ғайбдон чашм пўшид, чашм кушод бар косаи об, ки оинаи Искандарӣ бошад, вале сўйи шоҳ нанигарист, бал сар андохт. Шоҳ пай бурд пешомадро ва фармуд:
— Ҳар чӣ ҳаст, бозгўй!
— Мамолики нав туро нигарон набувад, Искандар. Бояд пас гардӣ ба мулки суғдиён. Онҳо ҳокими дастнишондаи шоҳро хуш надоранд. Сар бардоштаанд дар Мароқанд ва тамоми музофоти Суғд ва ҳатто дар Бохтар.
— Аз чӣ рў?
— Чун скифҳо бо Искандар паймони дўстӣ карданд, Спитамон хурўшида, онҳоро дурўя хонда, ситезидааст.
— Бар скифҳо?
— На. Бар мақдуниёни дар Суғд монда. Азоби сахт дар пеш аст, Искандар. Хушрўзӣ аз паси он…
Лашкаркаши монанд ба падар зану фарзанди хеш бозгузошт андар Бохтар. Гетерҳои нозанин, саворони чолок пазируфт.
Ҳамроҳи сипоҳи кирояи юнонӣ, мақдуниёни бовафо ва панҷ дастаи мусаллаҳ убур кард Оксро. Панҷ фавҷ ба сипаҳбадон Гефестион, Биталомус, Пердикка, Кен ва Ортабози падарзанаш, ки ҳама фарзандонаш хуни юнонӣ доштанд ва аз ҷабри Доро бо писаронаш сўйи Искандар гузашта буд, супурд ва пеш гирифт роҳи Мароқандро, ки аз фоли сарраммол Аристандр азоби алим дар пеш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор