Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Чун дар Бохтар низ шўрида буданд, Искандар қисме аз сипоҳро дар ин марз бозгузошт, то оташи исён ҳама ҷоро фаро нагирад. Хавфи Искандар аз он буд, ки саросари Осиёи Марказиро ин оташ аланга назанад.
Искандар мешитобид сўйи Суғд. Чун роҳро дидаву омўхта буд, миёнбур мекард роҳҳорову кўҳҳоро. Ғазаб дошт ба Спитамони чун гурги ёлдор фиребо, ки ҳеҷ гоҳ дар ҷое қарор надорад; шўрида буд, ки нагузошт айш кунад. Айшаш талх шуд ва он суғди сурхмўйро ҳалоҳил хоҳад хўронд. Чунон ки аз Яксарт сўйи Мароқанд шитофта буд, ҳолиё бо ҳамон ғазаб ва тундӣ меравад. Ҳар гоҳ ба осмон менигарад, ки мурғони бадрў пайдостанд ё на. Намебинад онҳоро. Гумон дорад, ки дар Суғд гўшти одам мехўранд... Ва тозона мезанад, ки баландии паси Кешро ба шитоб барояд. Ҳамин ки кўҳҳоро убур кард, ба қатли ом пардохт ва ҳар шаҳру рустои пешомадаи Суғдро ба хок яксон сохт. То Мароқанд нарасида дарак аз хеш дод, ки бо ҳазор ҷабру ситам меояд. Гефестиони сипаҳбадро фармуд: шаҳрҳои Суғдро, ки аз куштори зиёд бекас шуда буд, нуфус пайдо гардонад; одамдор кунад. Сипаҳбади ба боварии шоҳ даромада ишораи ўро дарёфт ва шаҳрҳои суғдӣ пур аз юнониву суғдӣ шуд. Мурод ин буд, ки шаҳрҳо низ мақдуниву юнонӣ гарданд ва халқони он дигар зидди сиёсату давлатдории Искандар сар бардошта натавонанд. Ягона роҳи худӣ гардонидани мулки Суғдро чунин донистанд. Ва мардуми шаҳру рустои ҳанўз мақдуниён ворид нагардида хонахез ба Кўҳистон бор бастанд.
Спитамони родмард танҳойӣ мекашид. Иттифоқчиёни ба дасту фиреби Искандар афтода аз ў сарфи назар кардагӣ барин. Яли суғдӣ пай бурда буд, шунида буд ва оварда буданд, ки скифҳо бо паланги мақдунӣ забон як кардаанд. Ў худро хаставу абгор дарёфт, ки дар ҷангҳои зидди сипоҳи Певколай хеле монда шудааст. Ҳарчӣ кардааст, барои озодиву пойдории Суғд кардааст; барои аз ситами мақдуниён раҳо додани Мароқанд. Чун ин кор ба ҷо омад, боз рў овард ба биёбониҳо. Вале ҷое рафт, ки скифҳо надонанд.
Искандар огоҳ шуд аз фирори Спитамон ва ду дастаи пурзўрро ҷудо кард ва зери роҳбариву роҳнамоии Кену Ортабоз бар асари шери суғдӣ фиристод. Ду фавҷи нерўманди мақдунӣ биёбонгард шуданд аз пайи Спитамон, вале пайдо накарданд.
Роҳнамоии скифҳои дурўя низ мадад накард. Зеро Спитамони доно шаборўз ҷой дигар мекард.
Спитамон чу донист, ки Искандар дар Мароқанд хайма зада, ба ҷойи мардуми ба ҳар мулку саҳро рў овардаи суғдиён одамони хеш – мақдуниҳову юнониёнро маскун кардааст ва барои дастгир кардани ў ду фавҷи пурзўри мақдунӣ ҷудо кардааст, усулу равиши ҷанг ва ҷойи зисти худро сад дар сад дигар кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор