Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гарчӣ скифҳо бо Искандар аҳди дўстӣ кардаанд ва ба ивази сари Спитамон гуноҳи скифҳоро бахшидааст, сатрапи Суғд бекас намонда. Ў низ миёни скифҳо дўстон дошт ва ҳар чӣ мешуд, ўро мерасониданд.
Аз ин рў Спитамон шашсад савори бовафову чобук гирифт ва бо кўҳҳои баланди Суғд роҳ паймуд сўйи Бохтар. Чун ба марзи Бохтар расид, шабохун зад ба дастаи марзбонон. Рабуд ҳама чизрову сарпосро чу асир. Пасон аз барори кор болида, рў ба Зариасп (Маркази Бохтар) овард. Вале ў нияти забт кардан ва ё хароб сохтани Зариаспро надошт. Ғанимат зиёд гирифт.
Дастаи ҳаштоднафараи сарбозони кироя, ки барои нигоҳубин ва парастории беморони аз дастаи «Дўстон» монда бо ду сардор таъйин гашта буданд, ба таъқиби онҳо афтоданд.
Онҳоро расонда ва дастгир карда, ғаниматҳо бозгирифта ва бисёриҳоро кушта бозгаштанд ба Бохтар, ки дар назди Искандар рўсурх хоҳанд буд. Вале чун ба шаҳр расиданд, дар муҳосира афтоданд, ғанимат доданд ва нобуд шуданд.
Сипаҳсолор Кратер огоҳ гашт аз ин кирдор ва ба ҷанги Спитамон омад. Сипоҳи кирояи мақдуниву юнониро ангехт ў, чун малахи гурусна рехтанд ба кишта.
Спитамон панҷаи ҷанг надошт, дар овардгоҳ наистода, фирор кард.
Кратер бар асари ў мерафт. Биёбони хушку сахт хўрда гашт аз наълу суми асбон. Бар само мехест гарди замин. Тира мегашт ҳавову фазо чу шоми нобаҳангом.
Спитамон аз усулу тарзи оварди хеш намемонд: дуртар мерафт, то сипоҳи румӣ хаста гардонад, вале Кратер аз таҷрибаи корзор ва одати Спитамон хулоса бароварда, усули ҷанги Искандарӣ ба кор бурд: «Таъқиб бояд бо пирўзӣ анҷом пазирад.» Чун Спитамон ба канори биёбон расид, боз ҳазор массагетии биёбоннавард биомехт бо ў. Ва онҳо таваққуф карданд.
Дар ин муддат сипоҳи савораи Кратер даррасид ва бе ягон огоҳии ҷангӣ ду лашкар овехтанд ба ҳам: оташ рехт аз шамшерҳо, хун шорид ба қадди найзаҳо; бидариданд сипарҳо, бол бароварданд тирҳои заҳрогин; ба сар рафтанд асбон, сайҳакашон чароғпоя шуданд сўйи осмон ва саворон париданд аз тори зин.
Массагетиҳо тоб наоварданд ба оварди мақдуниён. Пеш гирифтанд роҳи гурез. Миёни овардгоҳи фарох фазо чунон метофт, ки ҳама хори мағелон ғун оварда, якҷоя бо саргини асбон дуд андохтаву оташ афрўхта куштаҳо месўхта бошанд. Бўйи хун ва бўйи гўшти нимсўз ва гўшти хом ва ҷини одамӣ меомад ва бўйи ғинҷ.
Кратер қаноат кард ба чунин набард. Дигар пай нагирифт Спитамонро. Балки ба соқа фармуд аз миёни пуштаи кушта бишиносанд мақдуниёну юнониҳоро. Ва тори зин қомат афрохта ба сўе, ки дастаи гурезони Спитамон мерафт, нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор