Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ва дид, ки дар пеш кўҳи баланд қомат рост карда, убур кардани он машаққат бувад. Нафаси дароз баровард ва сари синаро дамонда ҳаво гирифт, ки аз Искандар таъна нахоҳад шунид, зеро ба хотири ў фавҷи Файлотуси диловари писари сипаҳсолор Пармониёнро ду қисмат карда буд.
БАНДИ ШАШУМ
Спитамони далер тамоми сол чун архари кўҳӣ ҷой иваз мекард.
Кўҳ ба кўҳу шах ба шаху камар ба камару ғор ба ғор; зарурат пеш ояд, ба ҳамвориҳо ва шаҳрҳо ва рустоҳо мерафт, ба хотири аз покбум рондани бегонагон ва омадаҳо. Аммо нашудааст, ки ў дар тўли оворагиҳо ва ҷой бадал карданҳо сокине ва ё дорову нодореро зиён оварда бошад; ғоратгарӣ аз дасти ў наомад, бавижа бо худиҳо. Ва дар ин миён ў зану фарзандашро ҳамроҳи касони боэътимод дар рустоҳои дигар ё макони табор мегузошт, аммо дилаш об намехўрд, ки як умр дар он ҷо бехавф монад. Зеро одамро хуб омўхта буд дар ин миён ва ҳама вақт дар биму ҳарос ва хавфу хатар медонист зиндагии хешрову таборро. Ба ғорҳо мебурд, дар камарҳо ҷой мекард. Ва фурсат пайдо карда, рамуз гирифта тохт меовард ба душман. Чунин тарзи ба сар бурдани умр занашро хуш наомад:
— Спитамон, агар пешаат ҷангу ҷидол буд, чаро маро ба занӣ гирифтӣ?
Спитамони рўйболо хобида, ки ситораҳои бешумори осмонро тамошо мекарду дар зеҳн ҳисоб ва мегуфт, ки аз Роҳи Каҳкашон он тарафаш лашкари Искандар ва ин тарафаш аз они ман, зеро дар ин ҷониб зара ҳаст. Ва агар дар миён Каҳкашон набошад, инҳо як мешаванд ва ба ҳам меовезанд, осмон шарорабор мегардад ва осмону замин месўзад.
Ва зан низ чунин манзара ва осмони софро медид, аммо барояш аҳамият надошт, ўро Спитамони орому ботаҳаммулу ҳозиру нозир лозим аст, на ҷанговари кўҳ ба кўҳ. Пиндошт шавҳар ҳарфи ўро нашунид:
— А, Спитамон?
— Чӣ?
— Чаро маро гирифтӣ?
Спитамон чашм аз ситораҳо канд. Паҳлў гашт ва пурсид:
— Киро бояд мегирифтам?
— Касеро, ки чун худат ҷангу ҷидолро дўст дорад.
— Магар ман ҷангу ҷидолро дўст дорам?
— Магар на?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор