Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На! Ман Ватан ҳимоя кунам. Донӣ, ки ба кишваре лашкар кашида бошам? Дидӣ, ки касеро бар беҳуда кушта бошам? Моли касеро ба яғмо бурда бошам? А, дидӣ?
— На...
— ... Дидӣ, ки шаҳреро хароб кардам, хонаеро оташ задам? Зану аёли касеро рабудам? Касеро навкару чокар кардам? А? Дидӣ?
— На...
— Пас аз куҷост ин ҳама? Кӣ омўхту кӣ фармуд туро чунин ҳарфҳо?
— Гумони бад мабар, Спитамон, сер шудам аз ҷонам.
— Баҳ-баҳ...
— Бовар бикун... Ту ба ҷанг меравӣ, ман дар таҳлукаву ҳаросам. Писарат мепурсад туро, афсона мебофам, ки падарат бозургонӣ рафта, ба ту бозичаҳо меорад, қанд меорад. Ғаш мекунаду мегўяд, ки асб биоварад.
— Оҳ!
— Туро чӣ азоб?
— Намехоҳам, ки ин покбум зери пойи шуму нопоки бегонагон гардад; зану фарзанди ман хор шавад. Магар нашунидӣ хориҳои зану фарзанди Дороро? Агар ў дар хонаи хеш буд, сари зо нарафта буд.
— Тақдир, Спитамон.
— Тақдирро, ки донӣ, эрод нагир ба ман!
— Ман эрод нагирам, мардум гўянд. «Агар инҳо Дороро намекуштанд... Агар ҳокими Бохтар Бесусро баста ба Искандар намедоданд...» ва ҳарфҳои зиёд, ки дар ҳамааш Спитамон гунаҳгор бошад...
— Кӣ фармуда туро ин ҳама!?
— На касе! Спитамон! Туро дўст дорам! Дилам сўзад! Туро кушанд, ҳоли ман чӣ шавад?
— Ҳоли зани Доро шавад!
— Бод барад аз забонат...
— Туро кушанд, ман қасд ситонам. Лекин маро кушанд, ту чӣ кунӣ?
— Ту мурӣ, ман низ мирам, Спитамон...
Сўҳбат тўлонӣ шуд, андешаи Спитамон тўлонитар. Хомўшӣ.
Ў пиндошт хоби зара бурда. Даст аз болои сари ў гардонда мўйи ғуллии писарашро панҷа зад, ки бедор шавад, сухане дорад.
Аммо ў аз кўфти рўзона шалпар гашта сахт хуфта буд. Паҳлў гашт падар ва ними вазнаш бар зара дергоҳ ба писар нигарист зери нури моҳ ва табассуми шакарини ўро дид. Дарёфт, ки писар дилгир набуда, дар дил завқе дорад, ки гирди лабон ҳувайдо мегардад. Боз рўй ба боло гашт ва моҳи пурраро тамошо кард, ки намеҷунбад. Чун бепарво монӣ, фурў рафтанашро дарёбӣ... Вале ҳолиё ин чиз муҳим набувад ўро.

пешина
аз 411
навбатӣ