Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафтору гуфтори зара ташвишовар бувад. Суханон тоза, аммо самимият ва меҳрубонӣ дигаргуна. Гўё касе ҳама чизро гуфта ва омўхта. То ин лаҳза нагуфта буд ҳарфи «Дўст доштанро». Балки ифода мекард: бо рафтору гуфтору хидмат ва амали хеш, бо навозиш, ламс, нигоҳ, нозу адо, ишваву карашма; ҳатто бо ғаму андўҳ, ғусса ва ба танг омаданҳову гиряаш. Тамоман дигар. Чунон ки бо зараи хеш на, бо кадом зани ноошно сўҳбат дошта бошад... Шаҳрҳои хароб, кўшкҳои сўхта, кошонаҳои фурўрафта, пулҳои гусаста, куштаҳои пушта, шамшерҳои шикаста, сарони ғелон, асбони ба сар рафта, чеҳраҳои ниқобпўш, пирони шикастақомат, тифлони нолон, сайҳаи асбон, мурғони мурдахор ва бисёр-бисёр чизҳои нобобу зишту мурдор пеши назараш барқвор гузаштанд, беқарораш карданд, ки имшаб чӣ шаб аст?
— Ҷоно! Туро кӣ гуфт, ки...
Зарра ҳарфе надошт. Ҳатто нафаскашиаш маълум набуд. Бедори хуфта буд. Низ андеша мекард, вале ба жарфи маъниҳо намерасид. Спитамон низ хомўш монд, то чӣ ояд.
— Чаро чунин фикр кунӣ?
— Чӣ гуна? – сипоҳӣ кард Спитамон, ки чӣ ояд аз ў.
— Гумон дорӣ, касе омўхта маро?
— Гумон надорам. Дилам гувоҳӣ диҳад. Гўсфанде, ки ба девлох надарояд, рамида аз чизе. Ё аз асои шубон ё аз теғи қассоб.
— Гумони бад накун...
— Гумони бад на, душмандорӣ. Донӣ, ки дар дунё аз душмандорӣ бадтар коре набувад. Туро осуда нагузорад. Хоби ором надорӣ, хўрди ҳалол надорӣ... Ҳама умр сари сўзан истӣ.
— Магар ба душмандории касе яки дигар айбдор аст?
— На. Ҳар кас барои мурдаи хеш гиряд.
— Ва инсоне, ки одам кушад, чӣ кас бувад?
— Кас набувад, бадтар аз ҳайвон. Ту дидӣ, ки ҳайвонҳои ҳамҷинс аз барои нафс якдигарро кушанд? А! Дидӣ?
— Ман бояд инро пурсам...
— Нааа, надидайӣ! Онҳо шох зананд, лагад андозанд, газанд, вале накушанд...
— Ту магар пасттарӣ аз ҳайвон, ки одам кушӣ?
— Гуфтам: Ман одам накушам! Ҳифз кунам хокамро, Ватанамро, халқамро! Инро халқон донанд... Тахтапушти гурбаро сила кунӣ, думак занад; думашро пахш кунӣ, чанг андозад. Инсон низ мисли гурба. Искандар фақат дум пахш мекард, як бало буд. Ў сар мекўбад чу шайтон морро, ки дигарон низ омўзанд. Барои Искандар одам мор бувад. Гумонаш: ҳолиё ва ё фардо газадаш.
Барои ҳамин саркўб кунад ҳамаро.
Спитамон андеша дорад: сар ба рост ғал дода, кадом садои дурро гўш медиҳад, вале фарқ карда наметавонад, ки садои чист. Шарфаи пой, шалфаи об, сарири ба ҳам соидани шохони дарахтон, рез кардани реги кўҳӣ ё сайҳаи дури асбон?

пешина
аз 411
навбатӣ