Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарқ накунад. Лекин парешонӣ дорад. Бавижа баъди чунин сўҳбати маҳрамона. Андеша дорад аз офариниши Оламу Одам, ки чаро Аҳура Маздои нек ҳамаро хислати якранг надода. Балки ба ҳар кадом феълу хўйи яке аз ҳайвонҳоро бахшида, аммо онон хислату хўйи он ҳайвонро такрор мекунанду пай намебаранд. Баъзан аз канор наззора шавад, мушоҳид дарёбад чунин нозукиҳоро. Лекин қандатро бизан, агар ба он кас чунин атворро гуфта тавонӣ. Ту барра, ту гўспанд... гўйӣ, бурдӣ. Ту – саг, гўйӣ, мурдӣ. Ҳол он ки наздиктарин ва бовафотарин ёри кас саг бувад...
Воқеан, Спитамон фикр мекунад, ки чаро офаридгор бадонро дар оташи поки хеш намесўзад? Балки Искандари аҳримантухма некиҳоро, бегуноҳонро дар оташи ғазабаш бирён мекунад...
— зара!
Посухе надод зан, ки хуфта бошад. Шў бовар накард ба хуфтани ў, ки то ҳол баҳс дошт. Вале дигар номи ўро нагирифт ба забон. Балки андешид аз рафтору гуфторҳои ў. «Бебало набувад...» Сахт парешон буд. Хоб гурехта аз сараш. Нерўе ҳаст, ки бардораш медиҳад ва дар андарунаш касе ҳаст, ки ба оташ шабоҳат дорад. Бархост, ки душманон дониста манзили ўро. Пиндорад, ки шоми вопасин аст.
— Фирор бояд кард, зара!!!
— Омаданд магар?
Спитамон бозистод, сар тофт ба пас ва пурсид:
— Кӣ бояд биёяд?
— Душманҳо!
— Кистанд душманҳо?
— Магар надонӣ душмани хешро?
— Искандар?
— На! Искандар душмани ту набувад! Ў туро инак дониста.
Душманат иттифоқчиёнат.
— Чун донӣ?
— Фармуданд маро, то сарат биёрам барояшон...
Ва Искандар хомўш монд. Сўҳбати занаш бори дигар дар гўшаш садо дод. Ба муҳаббат ва боварие, ин занро дошт, нафрин хонд. Хун ҷўшид дар вуҷудаш ва ханҷар кашид аз миён, ки дигар чизе напурсад аз чунин зан, ки расми суғдиёнро поймол карда бо мардони бегона, бавижа бо душманон ҳамсухан шудааст ва сирру савдои шавҳарашро фурўхтааст. Вале...
— Ва ба ивазаш чӣ ваъда доданд?
— Ҳама чиз... – дер андешидани Спитамонро дониста қасдан чунин посух дод.
— Ту чӣ гуфтӣ?
—...

пешина
аз 411
навбатӣ