Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Бале, донам... Вале кам донам... Ба фикри ту?
— Ҳама душманон душмананд. Донистани ин душвор набувад, вале ҳама дўстон дўст наянд, донистани ин душвор бувад.
Искандар чизе нагуфт. Берун омаданӣ шуд. То нигарад ба кўҳсор, ба оби равон, ба сангу харсангҳо, ба бодомдарахтон ва андаке хешро таскин диҳад ва дар дил сарзаниш кунад, ки бо вуҷуди таълим аз устодони бузург гирифтан ҳанўз ҳам хом аст.
Набаромад, балки ба Геракл нигарист ва гуфт «Ҳамин модари ту-а? Бипурс, ки ў дар куҷо хонда?» Нигарист ба Барзин ва ҳар ду баробар табассум карданд.
— Хуб фармудӣ, Барзин. Ин муаммоест сарбаста. То ҳодисае ё воқиъае рух надиҳад, надонӣ, ки дўстат душман будааст. Сахт мушкил бувад донистани он.
— Аз ин рў баъзан бояд каси дилсўзро гўш диҳӣ.
— Магар он дилсўз низ мисли он дўст нест?
— Ҳар дилсўзи ранҷида ҳам тавонад дўсти душман гардад.
— Яъне, дар олам каси пок ва беғаш ёфтан ғайриимкон аст.
— Бале, Искандар, каси пок ёфтан лоимкон бувад... дар дунё як чизи пок ҳаст. Об. Ҳама ифлосиҳоро бо худ барад ва афканда поктар шавад.
— Берун мебароем.
Гуфт Искандар ва Гераклро бардошта, берун омад. Нигарист ба об. Соф буд он. Софтар ва покизатар аз ҳама чиз. Баъд чашмаш ба сангҳо афтид. Бодхўрда буданд сангҳо ва ҳар гуна намудҳоро ёд меоварданд: корсону коса, кўзаи шикаста, дастаи кўзаи ба санги азим часпида, даҳони каҷ, сари мор, гардани бурида, фўку риши буз, як чашми кадом ҳайвоне ва бисёр тарҳу шаклҳои дигар.
Ва баъзан ба чашми ў менамуд, ки ҳо он санг, болотар аз санги дигар, паҳлўи дарахти бодоми талхак истода шаклу сурати кадом шиноси наздики ўро дорад. Искандар ё ҳангоми набард дидааст онҳоро ё дар размгоҳ мурда. Вале сангҳо бештар шабеҳи даду дом ҳастанд. «Наход ҳамаи ин шаклҳоро бод сохта бошад?»
пурсид Искандар аз кадом каси ғайб ва рў ба Барзин овард: «Ин сангҳо ба дасти ҳунармандони юнонӣ афтад, чӣ шаклҳое офаранд.
Худи табиат бисёр монандиҳоро офаридааст, вале касе ном нагузоштааст.»
— Мехоҳӣ, ки Геракл дар чунин ҷойҳо тарбият гирад ва бузург шавад? – пурсид Барзин.
— На, – посух дод Искандар ва писарро дароз кард сўйи модар ва афзуд: — Мехоҳам, ки Геракл тарбияту дарси устод Арастуро гирад. – Ў таваққуф кард, то аз Барзин чӣ ояд. Барзин хомўш буд ва дар худ таҳлил мекард ҳарфи ўро. Искандар фармуд: — Дар чунин ҷойҳо ваҳшӣ хоҳад шуд.
Барзин писарро бардошта аз санге ба санге гузашт, то андаке аз сўҳбат дур шавад ва таҳаммул кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё