Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Мо Гераклро ҷуз набард чизи дигаре омўхта натавонем,
– гуфт Барзин ва ногаҳонӣ буд барои Искандар ва айши ўро мунағғас кард. Чўбчаи кабоби дегӣ дар даст ба андеша рафт Искандар ва барои он ки лаззату ширинии фароғати имрўза гум нашавад, афзуд:
— Ҷаҳонгардӣ низ... Геракл барои ҳамин ба дунё омадааст.
— Вале Геракли қаҳрамон, ки дўсташ дорӣ, барои накўкорӣ ба дунё омада буд. Дувоздаҳ «Корнома»-и ўро ёд овар.
— Ёд дорам, Барзин. Лекин ту назди ман омадӣ, ки манша кунӣ? Маро аз сафар боздорӣ?
— Монда шудам, Искандар, хаста шудам...
— То ҳанўз дарк накардайӣ, ки касе маро аз роҳ боздорад ё монеъ ба нақшаҳоям шавад, чӣ бинад?
— На.
— Надонӣ, бидон: яке аз онҳое ки маро аз сафар боздоштан мехост, Пармониён буд.
— Ман донам, ки Олимпиада буд...
— Он дигар... Ў модар, ҷонаш месўзад.
— Ман низ модарам, барои Геракл вуҷудам месўзад.
— Охир бидон: Геракл дар корзор ба дунё омадааст!
— Медонам... Аммо мехоҳам Геракл дигаргуна бошад.
— Агар чунин мехоҳӣ, фиристаматон ба Мақдуниё... Бо корвон.
Барзин дарозо андешид ва рў ба Геракл овард. Ў низ ба чашмони модараш нигарист, аммо чизе гуфта натавонист. Ва Барзин бо забони кўдак гуфт: «Намехоҳам, ки падарамро гум кунам.» Чӣ ҳиссиёте буд, ки Геракл даст бар бозуи падар зада, сўйи китфаш рост шуд.
— Ин чӣ гуфтаат? Медонӣ, ки гум кардан чӣ маънӣ дорад?
– гилаомез пурсид Искандар.
— Зеро бозгашти падар муайян набувад. Мо ўро пазмон хоҳем шуд... Ва барои ин ҷаҳонро саросар пиёда паймудан чандин умр лозим аст.
— Аз ин рў ман мехоҳам, ки Геракл ҳамроҳи ман бошад.
Хуш омад ин ҳарф Барзинро, аммо гуфта натавонист.
— Пас сухани ман дар ёди ту ҳаст.
— Кадом суханат?
— «То замоне ки бо ман ҳастӣ, шодком ва комрон хоҳӣ буд.
Чун аз ман дур шудӣ ё аз ман рўй тофтӣ...»
— Ту дигар шудайӣ, Барзин...
— Оре. Ту танҳо оварду айшро донӣ, ман муҳиту одамон ва дўстони туро донам ва санҷаму озмоям...
— Ва чӣ гуна?
— Инро бояд ту хубтар донӣ. Бояд дониста бошӣ, ки андар сипоҳ дўст туро зиёд аст ё душман?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё