Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Нохуб. Ҳар кас ки боиси маломати Искандар шуд, хубӣ надорад.
Як каргас ҷамъу гирда шуда сангосо ба замин афтид ва Искандар тори зин рост шуд, ки бинад ба замин зада нобуд гашт ва ё боз парид. Надид. Талҳои мавҷдори пеш ва талтеппаҳои пайи ҳам рўйида нагузоштанд, ки ў бинад. Муаллими ҷуғрофидонаш Лисимах ба ў кўмак кард:
— Дар паси хоктеппаҳо рўйдоде шуда.
Искандар соҳиби садои шиносро донист, бо вуҷуди он якрўя шуда пурсид:
— Чӣ гуна рўйдод, Лисимах?
— Каргасҳо беҳуда сангосо аз осмон намефароянд. Ё сутуре ҳаром мурда ё касеро куштаанд.
Дар дили Искандар ғуборе пайдо шуд: «Мабод, ки Дороро...
Ман ўро бояд зинда дарёбам ва ҳама товони ҷангро биситонам...» Бори дигар нигашт сўйи Лисимах, то чизе пурсад. Аммо лошахўрони ростин андешаи ўро пароканда карданд. Онҳо пайи ҳам аз ҳаво гирду лўнда сўйи замин меомаданд ва сангҳоеро ёд меоварданд, ки сарбозони мақдунӣ аз манҷаниқу арродаҳо даруни девори дижу шаҳрҳо меандохтанд. Ҳар қадар мурғони баднамову бадгардан аз ҳаво сўйи замин раванд ва аз дуриҳои дур мурғони дигар нуқтаосо пайдо гашта, худро ба селаи ҷувозак зананд ва ё якбора тори сарро ҳавобуру тез гузаранд, садои парвозашон шувваси боди тезро мемонад.
Искандар арақ кард. Ин хай ба он наме, ки аз гармо мерўйид, монанд набуд. Балки якбора рўйид: аз сар то даруни мўзаи кўтоҳсариро фаро гирифт. Рўйи зин тар шуд. Кулаҳхўд гармӣ кард бар сараш, гирифт онро ва маҳмез зад бораро. Ҳеҷ гоҳ чунон надида буд каргасҳоро: зиёд, дурпарвозу тезгард ва осема. Искандар бисёр маънӣ кашид аз ин манзара ва баргашта нигарист ба Коллисфен, ки ў низ медида бошад?
Коллисфен аз дунболи Бусефал асп меронад ва фараси сурхи пешонисапедаш бар асари суми бардоштаи Бусефал сум мениҳад.
Торихнигор ҳама суханҳо, фикру андешаҳо ва рафторҳои Искандар ва дигаронро мешунаваду мушоҳида мекунад ва мебинад, ки рақси мурғони фазо чӣ таассуроте гузошта шоҳро. Аммо надонад нағмаҳои мурғони пешинро, ки дар мағзу майнаи ў ҷой шуда буданд.
«Кишк!»
Ин бор ҳама шуниданд мурғонро рондани Искандарро, тааҷҷуб низ карданд, ки мурғон ҳанўз дуранд ва чаро шоҳ аз ин масофа ононро рондан мехоҳад.
Биталомус нигарист ба ў ва табассум кард. Хуб, ки Искандар надид табассумашро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё