Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Коллисфен шунид ва хулоса кард, ки чунин ҳаяҷону «Кишк»-и ўро чандин бор бояд дарҷ кунад.
Аввалин каргаси сиёҳи безеби лучгардан ва минқоркаҷро диданд, ки сари теппачае нишаста гарданак мезаду менигарист ба атроф ва посбонеро мемонд, ки гоҳи ҳуҷуми душман чунин меистоданд сари дидгоҳҳо. Каргас низ саворонро дид, парво накарда, назораашро идома медод ва намепарид. Ва онҳо баробари пеш рафтани дастаи саворон як-як намоён мегаштанд ва ҷояшон дар баландиҳо буд. Яке тофт бар тори гардунаи вожгун. Дигаре тофт бар зини аспе нишаста, ки он асб тори сари куштае меистод, саввумӣ маъво гирифта бар борае, ки савораш пой бар рикоб кашол буд ва асб беист гўё гирди кундаи ҷувоз мегашт.
Ва лошахўрони чолок аллакай бар куштаҳо нишаста, минқор ба чашмҳо мезаданд ва пойҳояшонро бар мурдаҳо тира карда, гўшту пўст мекашиданд. Мурдаҳо зиёд буданд ва каргасҳо зиёдтар ва ҷое буд, ки бар куштае чанд каргас нишаста.
Искандар аз ҳаяҷони зиёд арақ карда буд ва Бусефал бештар.
Ранги сиёҳи онро рўғанӣ гардонида ва сари шонаву гарданашро ҷўя-ҷўя баста буд арақ.
Ва Искандар дид манзараро. Ҳамагон низ диданд, ки бар мурдагон нишаста каргасҳо ва мехўранд гўшти одамӣ.
— Бизанед ин ҳаромхўронро! – фарёд зад Искандар, ки ҳоло намедонист кӣ карда чунону чӣ пеш ояд.
Камонварон тирҳо ҷой карданд ва зеҳ кашиданд. Ва ҳанўз тирҳо напарида мурғон париданд. Ва шарфаи пару бол заданашон воҳима ангехт. Тирандозон ба дунболи паррандагони дилгир мепарронданд, вале тирҳояшон то онҳо нарасида, зер мерафтанд ва каргасҳо ё дар минқор ва ё андар чангол порае гўшт, чашм ва ё рўдаеро овезон мебурданд.
Сипоҳи нопурраи мақдунӣ корзори барояш норавшанро сайр мекард ва мурдаи одамону асбонро аз назар гузаронида ва фарасҳои саворгумкардаро дуртар аз размгоҳ дида, ҳайрон мешуданд ва гўйӣ дидори ошно меҷустанд.
Искандар қарор гирифт назди гардунаи воруна. Шинохт гардунаи зарҳалкории шоҳиро. Дида буд борҳо андар набардҳои рўёрў. Пештар аз дигарон худро ба замин андохт. Хам шуда, одами фохирапўшро дид ва фармуд, то зуд гардунаи вожгунро роста гардонанд. Роста карданд. Ва банди нимбурида воз гашта, ҷасад ба замин афтид. Рўболо гардониданд ва Искандар шинохт ўро: шоҳро, Дороро, Дорои Саввумро. Ва ғазаб карда, ба атроф нигарист, ки кушандаро пайдо кунанд, низ кушанд. Дигарон нафаҳмиданд чунин ҳолату ваҷоҳат гирифтани Искандарро. Рафтораш аз дилсўзист ё вонамуд мекунад.
Вопасин шоҳаншоҳи Порс на дар либоси низомӣ, балки андар либоси фохири шоҳӣ буд ва аз чандин ҷойи он хун бармеомад.

пешина
аз 411
навбатӣ