Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Боз гўянд, ки аз писарони Пармониёни сипаҳсолор эҳтиёт бояд буд...
Искандар каме сар бардошта ба чашмони Барзин нигарист ва паст гуфт:
— Донам.
Барзин сар пеш овард ва фармуд:
— Донам, ки донӣ...
БАНДИ ЧАҲОРУМ
Замоне ки Искандари Мақдунӣ ному шўҳрат хоста, аз пайи кушандаи шоҳи Порс – Дорои Саввум пойгаҳ монда буд, сатрапи Бохтар Бесуси хомхаёл барои ном, фарру шукўҳи подшаҳӣ андар шаҳри Задракартаи (Домғон) вилояти Гиркания (Хазар) сарони ҳарбу сатрапҳои вилоятҳоро гирд оварда, анҷуман сохт, то нигини мўҳрдори Ҳахоманишӣ ангушти ўро оро диҳад. Бехабар аз он ки ангуштарии порсиро худи ў ба дасти душман дод. Чун дар миёна лашкари мақдунӣ роҳро бурида буд, шаҳрдори Тапурия (Қазвин) ва Мардӣ Автофрадат натавонист ба ин анҷуман иштирок кунад. Боқӣ ҳама волиёни вилоятҳои шарқии Эрон ҳузур доштанд дар ин ҷамъомад. Ҳаво гарм буд дар бурҷи Харчанг. Онҳо анҷумани кўтоҳу монанд ба маслиҳату машваратро зери осмони кушод гузарониданд. Чун кишвари Хазар дорои сабзиву хуррамии зиёд аст, андар ҳавои кушод нишастан бартарӣ ва хубие дорад аз даруни толор ё коху диже будан. Марди тановари сияҳпўст ва зиреҳмўй Бесуси Бохтарӣ, ки солҳои зиёд ба умеди тахту бахт аз пайи Дорои Кудумон кашол буд ва ҳеҷ беҳбудие, бароре ё ободие аз ў надид, хашм гирифт ба шоҳ. Ва хашму кинаву нафрати ў то ҷое расид, ки нобуд сохт шоҳи Порсро, ба дасти душман дод марзу покбумро. Сатрапҳои камхиради хиттаву вилоятҳои Эрон низ мисли ў андешаи кўтоҳ доштанд ва бохти ҷангро аз бепарвойӣ, содагӣ, ноўҳдабаройӣ ва айшу нўшу танпарастии Дорои Саввум медонистанд ва хаёли хом доштанд, ки бо сарнагун гаштани шоҳ Доро душман забун ва мулк обод хоҳад шуд. Вале аз мурдаи Дорои Саввум беҳие ба миён наомад. Баръакс, ононе, ки сарсупурдаи шоҳ Доро буданд ва хидмати ўро авлотар аз ҳама медонистанд, бирафтанд аз сипоҳи Порс. Мамлукҳои эллиниву юнонӣ ва ҳатто бобуливу эронӣ рўй тофтанд аз Бесус ва рў оварданд ба кўҳу пуштаву дараҳо. Қисме ба хидмати Искандари Мақдунӣ гузаштанд, тоифае ба кўҳҳо ба сар бурданд, бархе сўи дарёи Хазар рафтанд. Ками дар кам монда буд сарбозони Бесус. Ва агар сатрапҳои дигар фавҷҳои хешро ҷудо кунанд, Бесус аз кори кардаи хеш пушаймон гашта, рў ба Бохтар хоҳад овард. Ва ҳанўз умед дорад, ки сипоҳи порсиро ба по монад ва қасд аз душман ситонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё