Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ба ҳар тақдир Бесус хешро шоҳи Порс медонад ва пиндорад, ки аз тухмаи Ҳахоманишиён охирин ҷони зинда аст.
Набарзани вазири Доро ва ҳам сарфавҷи саворони порсӣ, сатрапи Гирканияву Парфия Фратофарн, сатрапи Ориё Сотибарзан ва сарони ҳарбу аъёну ашрофи порсӣ, шаҳрдорҳо ва ҷондорон ҳузур доштанд дар маҷлис.
Бесуси тезхуни камандеш худро ба ҷойи Дорои Саввум шоҳи Порс дониста, сари садорат шуд. Вазифаи Фратофарни ҳокимро ба инобат нагирифт ва худкому худхоҳ будани хешро ба аҳли давра нишон дод:
Бесус: Ёрони ман! Шумо шоҳид ва гувоҳ будед ва ҳастед, ки мо шоҳи Порс Дорои Кудумон гуфта, ба чӣ азобу машаққат гирифтор шудем, то куҷо расидем ва оқибат чӣ дидем. Андаке чашм пўшида, гузаштаро пеши назар орем, ки мо кӣ будем.
Шўҳрати давлатдориамон то офоқ расида буд. Давлати Бузурги Ҳахоманишӣ гўем, олам меларзид. Ва чӣ шуд? Шумо ҳолдон ва воқеъбин, ки аз дасти як шоҳи ноўҳдабаро шуд... (Баногўшӣ сар шуд миёни сарбозон.) Аз рўзи аввал маълум буд, кӣ будани ў, чӣ будани ў. Аз ҷанги Граника равшан гашт, ки Доро шоҳи ҷанговар нест. Раҳмдил, тарсу ва танпарвар аст. Инро ҳама медонистанд.
Касе чизе намегуфт ва ҳама борро ба дўши ман меандохтанд. Аз аввал бад шудам дар назди ў. Чашми дидан надошт маро. Чун тарсу буд, ғайрати гуфтан намекард ва ё ҷангро хотир карда, сипаҳсолорҳо ва сарфавҷҳоро намеранҷонд. Мо низ раҳмдиливу одамияти ўро дида, гузашт мекардем. Маълум шуд, ки гузашт кардан лозим набудааст. Вақте ки ватан дар хатар аст ва қисмати кишвару халқ ҳал мешавад, ину онро пеш овардан ва далелу бурҳон кардан ва хотирбинӣ лозим набудааст. Теғро теғ буррад, сангро санг шиканад. (Саргўшиҳо зиёд шуданд ва касе намедонист кӣ чӣ мегўянд. Вале аз сарҷунбониҳо бармеомад, ки ҳамагон саросар бо гуфтаҳои Бесус розӣ нестанд. Онҳо нотарсида баъзан сар метаконанд, зеро ҳанўз касе сатрапи Бохтарро шоҳи Порс нахондааст ва рутбаи ў болотар аз рутбаи дигар сатрапон нест.) Моро лозим буд, ки тезии корд – дар неши корд, ўро сари вақт аз сари лашкар дур кунем ва ўро зарур буд, ки сари вақт кори ўҳда карда натавонистаашро биспорад. Чун хира буд ва ба тахт омаданаш низ тасодуфӣ буд, сар раваду миғфар наравад, мегуфт.
Ва ҳар ду рафт.
Ёрони ман! Шумо гумон накунед, ки ман тахту рахт мехоҳам.
Агар Доро бо ду дасти адаб мулку давлатро ба ягон каси ўҳдабаро месупурд, мо ба ин рўз намерасидем. Чанде аз шумо гувоҳи ҳол ҳастед, ки борҳо ин андешаро ба ў гуфта будем. Аммо ў гуфтаҳои моро дигаргуна пазируфт. Ҳасад мепиндошт, ғараз медонист, гадо душмани гадо, мегуфт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё