Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Оварданд Гераклро. Падар кори то ин дам накардаашро кард:
ўро ба оғўш гирифт, бўсиду дастмол кард ва оҳиставу нарм фармуд:
— Ту бузург шудайӣ, Геракл. Ман ифтихор дорам аз ту... Лекин ба ман бигўй, ки дар Осмон чӣ бинӣ ва бо кӣ сухан гўйӣ.
Геракл ба модар нигарист, ки ин чӣ ҳарф аст. Искандар рўйи ўро ҷонибаш гардонд:
— Бо ман бигўй! Дар Осмон чӣ бинӣ ва бо кӣ сухан кунӣ?
— Дар Осмон ҷанг. Ана ин хел, ана ин хел... – Ду даст аз ду тараф рў ба рў оварда, ба ҳам бархўронда нишон дод писар ва хомўш монд.
— Баъд чӣ шуд?
— Сели азим омад. Ҳамаро шушта бурд...
— Ҳеҷ кас намонд?
— Ҳеҷ кас намонд.
— Ин чизро дидӣ? Ё модарат ҳикоят кард?
— Ман дидам. Модарам надид.
Хомўш монданд. Геракл ба модар менигаристу ба падар, то чӣ ояд аз эшон. Барзин сар андохта буд. Искандар безобита гашт ва рў ба Барзин овард:
— Ситорашиносонро фаро хонам?
— На. Зарурате надорад... Агар хоҳӣ, ки аз ин бало раҳойӣ, бояд бозгардӣ.
— Боз ҳамон коҳи кўҳнаро бод кунӣ... Гуфтам-ку! «Аз роҳам бар нагардам!»
— Рой шоҳрост!
БАНДИ ЧАҲОРУМ
Фардо фаро расид. Искандар сафу радда орост сипоҳро. Савори асби шабранг пеши сипоҳро рафту омад, рафту омад, вале чизе нагуфт, амре надод, ишорае накард. Ва якбора кафид:
«Ман боз пеш хоҳам рафт! Мақдуниёнро зорӣ ё зўрӣ надорам!
Хоҳанд баргарданд бе ман! Хоҳанд биёянд! Вале маҷбур намекунам, ки аз пайи фидоиёну ихтиёриён ва бардаҳо ва ё фавҷҳои суғдиву бохтарӣ ва ҳатто ҳиндӣ сўйи Ганг шаванд! Ҳар кас нахоҳад ҷангро, рухсат ўро! Бигзор ба Мақдуниё баргашта гўянд, ки шоҳро андар корзор миёни душманон танҳо гузошта омаданд!»
Искандар гуфту Мушкинро тозона заду бирафт то саропарда.
Солорони сипоҳро парешон сохт. Ва гўё ба ҳайкалҳои карахт ҷон ато карда бошанд, якбора сипоҳ ба ҷунбиш даромад. Сипаҳбадон ба ташвиш афтоданд. Мақдуниён гаранг шуданд. Ба якдигар нигариста китф дарҳам мекашиданд, ки чӣ шуда шоҳро.
Шоҳ дар ин гармгоҳ ба хиргоҳ надаромада, асбро тозона заду пошна ва Мушкин чаҳорнаъл чанги биёбонро бароварда ба роҳи омадаашон бозгашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор