Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўё бораи бохтарӣ шоҳро якрост ба сўйи Бохтар бурд. Ҳайрон буданд сарону сипоҳиён, ки чӣ нағмаест, ки на солор донаду на савор. Чанг рафту рафт ва хаму ҳалқа гашт, ки чашмро ду тори абр метофт.
Ба хаёли хеш шоҳ санҷише гузаронд, то кӣ ояд аз пасаш ва ё барояд ба пешвозаш. На касе рафт ба дунболаш, на касе омад ба пешвозаш... Раҳо кард лигоми асбро. Ҷонвар тохт-тохту дар нимароҳ аз так монд ва арақи танашро хушк карданӣ шуда яккаякка гом зад. Назди саропарда қарор гирифт ва Искандар пиёда гашта ситоми бора бар гарданаш андохт ва як шаппотӣ зад бар гарданаш, ки умрбод раҳо карда бошад. Ба пардасаро даромада се рўз набаромад ва бо касе чизе нагуфт ва касеро напазируфт.
Дар ин се рўзу шабон набард кард бо худ: танҳо, як ба як; фикран, хаёлан... Ҳарчанд гармо буд ва арақ аз фарқи сар то пой мешорид, тан бўйи арақ мекард, ў сабру тоқат дошт, ки пирўзии бузург дар пеш аст.
Вале тамоми ин муддат ў меҷангид бо худ, ки аз ҳама пархошҳои хунину пуршўр гаронтар, сангинтар ва душвортар буд. Шоҳ Искандар ақлу хиради хешро ба муқобили эҳсосу ҳавас ва нафс ба майдони набард оварда буд, то дар ҷанги искандарӣ кадоме аз он пирўз гардад. Эҳсосу нафсу ҳаваси ў ҷаҳонгир шудан мехост, аммо ақлу хирадаш ёди Ватан мекард. Ва муборизаи оштинопазири сару тани шоҳ андарун ва мағзи ўро ба шўру талотум оварда буд.
Ў наметавонист якеро бипазирад; ўро ҳар ду лозим буд. Миёни обу оташ сўхта, ғинҷ мегашт. Чу кўдаки нодон андар мушкилот ғўтида буд ва устоди хирадманде набуд, то ройсозӣ кунад. Донишмандон ва раммолони бузург нобуд гаштанд, бархе бо дасти шоҳ кушта шуданд. Ситорашиносони ҳиндиро бовар надорад, ки росту дуруст мегуфта бошанд. Он чӣ Барзин гуфт, рост мешуморад, аммо аз муомилаву муносибати хеш нисбати ў дилу бедил аст, ки бовар кунад ё на. Зеро Барзин сахт дилмонда гашта, ба пиндори Искандар, ин зан ҳар чӣ кунад, ба хотири Геракл кунад.
Рахшонро касе нахондааст, аз пеши худ омад назди шоҳ. Ҳарчанд таъкиди шоҳ буд, ҷондоре ба наздаш надарояд, Рахшон умед кашида омад. Чун ҳоҷиб аз омадани зан шоҳро огоҳ кард, шоҳ рухсат дод, то дарояд.
— Чӣ овардӣ?
Рахшон ҳайрон монд аз чунин пурс ва китф дар ҳам кашид:
— Ҳеҷ...
— Ҳааа... Ман низ донам: «Ҳеҷ!» Дунё ҳама ҳеҷ! Беҳуда будааст...
Аз тарзи гуфтори Искандар Рахшон ҳайрон монд ва ба гўшҳояш бовар надошт, ки ҷанговари бузурги ҷаҳон ба чунин хулоса омада бошад.
— Нафаҳмидам, шоҳ...

пешина
аз 411
навбатӣ