Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Набояд фаҳмӣ... Вақте мефаҳмӣ, ки ин мушкилотро шоҳ яксара кунад. Коҳинони каромотхони мисрӣ, раммолони юнонӣ ва мўъбадони порсӣ лозиманд.
— Ҳама зери тасарруфи шоҳанд. Шоҳ чиро нигарон?
— Маъбади Аммонро...
— Пас ба он ҷо бояд баргашт?
— На...
Ва каф кўфт Искандар. Сарпос сар аз пардадар халонд.
— Бифармо, коҳинони каромотхони мисрӣ, раммолони юнонӣ ва мўъбадҳои порсиро биоваранд.
— Коҳинони каромотхони мисрӣ, раммолони юнонӣ ва мўъбадони порсӣ...
— Зудтар!!!
Сарпос рафт. Искандар боз каф кўфт. Пардадор сар халонд.
— Гирди саропардаро иҳота гиред, то паррандае пар назанад...
Бист қадам дуртар.
Беруни хиргоҳ ғирев шуд. Искандар ишора кард, то Рахшон нигоҳ кунад чӣ мағал аст.
— Онҳо баҳсу талош доранд, шоҳ. Ба хулосае омада натавонанд.
— Баҳси чӣ?
— Бубин, аз рўйи ишораҳояшон иҳота гирифтани гирди хиргоҳ...
— Ҳамин тавр, Рахшон. Бо чӣ гирд гирифтанро намедонанд.
— Ман низ нафаҳмидам, шоҳ. Чӣ зарурате дорад?
— Хоҳӣ фаҳмид...
Аввал бо сарбозон се радд иҳота карданд гирди саройро. Хеле наздик буданд. Чун аз рўйи будашон намунаҳои шоҳ фармударо пайдо карда оварданд, Искандар пазируфт ононро ва паси парда гирдогирд шинонд. Фармуд сарбозонро дуртар тела диҳанд. Фарох гирифтанд давраро. Искандар коҳинону раммолону мўъбадонро гуфт:
— Ман суол кунам, шумо пешомадро муайян карда посух гўед.
Ва даромад ба пардасарой. Садо омад:
«Искандар кист?»
«Искандар – писари худои Зевс!»
«Искандар – писари худои Аммон!»
«Искандар – пури худои Аҳура Маздо!»
«Искандар чӣ бояд бикунад?»
«Некӣ!»
«Оштӣ!»
«Пиндорӣ нек, гуфтори нек, кирдори нек!»
«Искандар бояд ба ҷанги Ҳинд биравад ё ба Ватан?»
«Ватан!»

пешина
аз 411
навбатӣ