Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ватан!»
«Ватан!»
Искандар бурун омад аз пардасарой. Дастон сўйи Осмон бардошт, рўй низ ба Осмони минўйӣ дошт ва садо дардод:
— Ай худовандони бузург! Ин бор низ писари хешро шинохтед ва ваҳй додед, то Искандар бероҳа набошад! Суҷуди маро бипазиред!
Ҳамчунон ҳайкалосо дер истод сар ба пушт андохта ва дастон кушоду баланд дошта, то оне ки гардану бозувонаш ба дард омаданд.
— Ай сипоҳи бовафову сарсупурда! Базм ороед! Қурбониҳо кунед ба ёди Худоён!
Вале биёбон ҷойи базм набуд. Бо вуҷуди он мақдуниён аз шодӣ чӣ кор карданро надониста бе дуду алов чанги заминро ба осмон бардоштанд. Шоҳ шодмонии онҳоро мефаҳмид. Ҳарчанд дар дил алами дигар дорад, каф мекўфт сўйи онҳо, то донанд, ки Искандар аз дилу ҷон майли ба ватан баргаштан дорад. Дар асл чашмонаш солори пиёдагардон Кенро меҷустанд. Кен дар ҷое пайдо набуд.
Искандар хеле мехост базми ҳақиқӣ ороянд ва Кен боз маст гашта баҳс ва андарзи ба Мақдуниё баргаштанро идома диҳад.
Ва аммо чашми Искандар ба он мурғони баднамо хўрд, ки бол наафшонда; хаставу оҳиста аз рўйи фазои кушоди дашти хушк сўйи шимол мерафтанд, ки гармои ҷонфарсои биёбон ба дилашон зада бошад. Ў номаълум доғҳои сиёҳи муҳаррики осмониро мушоҳида карда, дар дил алам мекашад, ки нохушии бузург дар пеш аст, аммо хабаре надорад аз ягон рўйдод.
«Кратер! Ў дар куҷост?»
«Ў канори рўдбори Гидасп сафина созад.»
«Сафинаҳояш ўро ба он дунё барад?»
«Ҳамин тавр, шоҳам...»
«Ҳммм...»


Роҳи паймударо бозгаштан саҳлу осон набувад. Сайёд гоҳи шикор ба бўйи сайд чӣ қадар роҳ паймуданро надонад ва хастагиву бемадории хешро эҳсос накунад. Ҳамин ки сайдро аз даст дод, бозгашти роҳро андеша кунад ва муддате ноҷунбон пой ёзида арақи сару гардан бисутурад. Ҳолиё Искандар дар чунин ҳолат аст. Роҳи дар тўли даҳсола паймударо бояд бозпас гардад. Вале бо сипоҳи саду бист ҳазор нафара, пирони барҷомонда, ғанимати зиёд, гетерҳову занони ба ҳамсарӣ гирифтаи афсарон, кўдакон, корвону гардунаҳо ва сутурони ҳиндӣ биёбону рўду дарёву уқёнусро паймудан саҳлу андак набувад. Бавижа бо об таноби роҳ кашидан душворие пеш орад.

пешина
аз 411
навбатӣ