Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Он чӣ Кен сохту омода кард, кифоя набуд. Искандар фармуд ҳунармандони ҳиндиро низ фаро хонанд, то киштиҳои хурду бузург ва салу амадҳои боркаш низ бисозанд, ки ғанимат то Мақдуниё расонидан кори саҳл нест. Кен ба назар ғами низомиёни пиёдаро хўрда, ки киштиҳои сохтааш танҳо сарбозонро гунҷонад.
Рўзҳои охир қайсартар аз Кен сарбозе набуд, ки ҳарфи шоҳ Искандарро ду кунад ва ёрад, ки дар маҷлиси сарон сахт гўяд. Ба андешаи шоҳ рафтори сипаҳбад аз дилсўзӣ набуда, чун домоди Пармониёни сипаҳсолор дод ситониданист; ба марги падарарўс ва додарарўсонаш, ки аз дасти шоҳ нобуд гаштанд. Домод пеши духтари сипаҳсолор хешро беҷурм нишон хоҳад дод. «Ў пиндорад, ки Искандар заиф гашта.»
Ва якбора киштисозӣ қатъ гардид ва ҳама аз пайи дарёфтани Кен шуданд. Он шаб Кен ғайб зад. Сипоҳи пиёда асбобу искана рўйи тахтаҳои рандаву сапед накарда ва комаву мурғак набароварда гузошта, дар ҷустуҷўи солори хеш гаштанд. Зеро Кени аз ҳолу рўзи онҳо хуб бохабар бо шоҳ манша карда, огоҳонида буд, ки дар рўзҳои наздик ҳама чун Коллисфени занҷирбанд кирму кана карда миранд. Марди тезхуну тезвир ҳолиё бенишон гашта.
...Вале Искандар ғам нахўрад ва касеро нафармояд, то пайдо кунанд.
Овоза шуд, ки Кен яке аз сафинаҳои сохтаро гирифта фирор кардааст. Ба овоза бовар карда сафинаҳоро шумурданд. Ҳама ҷо бар ҷо. Боз ҷустанд ва ба Дуоба нарасида, андар Дарбанд пайдо карданд мурдаи Кенро. Ва касе сабаби мурдани ўро ҷустуҷў накард. Баъд овоза шуд, ки Кен андаки дигар сабр мекард ва қарори қатъии бозгашт омадани шоҳ Искандарро мешунид, худро ба рўдбор зада нобуд намекард. Худкушӣ баромад андар «фолнома».
Вале миш-мишу баногўшиҳо зиёд: «Кен аз он солорҳое набуд, ки хешро бикушад...»
...То даме ки киштисозӣ давом мекард ва сарбозон аз бешаву боғҳои мардум чўбу тахта мекашониданд, Искандар фароғат дошт андар шаҳраки Бусефали ба хотири асбаш сохта. Кратери сипаҳсолор сарварӣ дошт киштисозиро.
Ду ҳазор сафина омода шуд ва аз тахтаҳои партов салу амадҳо сохтанд, то сутурон, бору бунаро ба кор ояд. Нохудоён, белзанҳо, заврақронҳо намерасиданд. Низ пайдо карданд аз мардумоне, ки канори баҳр умр ба сар мебурданд ва баҳрнавардӣ мекарданд.
Баъзе ҳунармандон хешро ба нодонӣ мезаданд, ки аз дасташон коре наояд, аммо бо дўстфурўшии баъзеҳо бо ҷабру ситам рўйи кор меомаданд.
Ва аммо киштӣ нарасид. Амр шуд пиёдагон роҳпаймойӣ кунанд. Корҳо сомон гаштанд. Қурбониҳо карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор