Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар вопасин ба саҳни киштӣ баромад. Ба худои баҳр Аврора, ба падарбузург Зевс, ба падари хеш худои Аммон ва дигар худоёни бемаргу анўша ниёиш карду саҷда овард ва ҷоми зарин ба сар кашид... Шайпур навохтанд... Киштиҳо ҷон гирифтанд.
Намоише буд диданӣ. Ҳатто гуселиҳо завқ доштанд; дастафшон андар каронаҳо дунболагирӣ мекарданд. Баъзе гирён аз фироқи ёрон, бархе шодмон аз гусели меҳмон.
Расиданд ба Дуоба. Ҷое ки рўдбори Гидасп ва Гидраот ба ҳам омехта, рўди Ҳиндро ташкил мекарданд. Андар резишгоҳи шохобҳо кирдоре шуд ношуданӣ: қабоили маллӣ ва Оксиарт дар ин гузаргоҳ манзил доштанд, рехтанд ба сари сипоҳи рум.
Зеро ин қабилаҳо душмани оштинопазири роҷаи Пори Ғазаб буданд. Чун донистанд, ки фармондор бо шоҳи мақдунӣ созгор аст, кина бар эшон гирифтанд. Миёни ин тоифа ҷавонмардони роду ҷасур ва ялони беназир буданд ва касеро забардасту пирўз дидан намехостанд. Онҳо низ базму сурро дўст медоштанд чун Искандар ва дигар тоифаву қабилаҳоро рўйи хуш намедоданд. Онҳо рў ба рўйи сипоҳи Искандар даҳ ҳазор саворони мусаллаҳ, ҳаштод ҳазор сарбозони пиёда ва ҳафтсад гардунаи ҷангӣ гузоштанд.
Шаб фаро расид. Лашкаркаши беҳамтои мақдунӣ осема нашуд; тадбир ҷуст, ройсозӣ кард, ақлу ҳуш ба кор бурд, то бо ин нерўи ногаҳон пайдо гашта чӣ чора кунад. Усулҳои пешин ба кор набурд, балки сипоҳро фавҷ-фавҷу даста-даста ҷудо кард ва як-як фиристод ҷониби корзор, то душман бовар кунад, ки ночиз бувад сипоҳи адў. Ҳазораҳои асосӣ ниҳон дошт андар камингоҳ.
Зеро самти ҳамлаву ҳуҷум ва зарбаҳои қавӣ ошкор набуд; на дўстро ва на душманро.
Сипоҳи Искандар ҳилолӣ саф орост ва чашми рўз накафида ҳуҷумовар шуд бар лашкари ғафлатзадаи ҳиндуҳо. Онҳо гумон надоштанд, ки лашкари румӣ шабҳангом роҳ паймояд ва ғофилгир кунад душманро. Якбора чу мўру малах рехтанд бар сари бараҳманҳо. Вале родмардони ҳиндӣ далеру шуҷоъ овард доштанд ва душманро пеш омадан нагузоштанд. Вале фавҷҳои асосии лашкари Искандар даррасида гирд гирифтанд размандагони ҳиндиро ва овардгоҳ дуд баровард ба кирдори оташкадаҳо.
Бараҳманҳо андар ҳалқа ва зери пойи пилон ҳам тан намедоданд ва сар намефароварданд. Бори аввал мақдуниён диданд ҷанги пилонро; ҳинду меҷангид бо ҳинду.
Искандари тезхун бо он суръате ки корзор кард, аз размгоҳ шитобид сўйи диж. Ба дарвозаи пурнигори шаҳр расид, ки андар равоқу тору девор сурати худоён, пилҳои пурзўр, рамзҳои кишвари хуррам, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони ҳиндӣ ва насносҳоро нақш карда буданд. Тиру туфанг ва дастгоҳҳои деворшикан ва манҷаниқу арродаҳо ва гардунаҳои боркаш диранг доштанд.
Шоҳи шўрида ва ба ғазаб омада ба диранги ёрон нигарон нашуда, ҳамла овард ба шаҳр.

пешина
аз 411
навбатӣ