Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз забони худатон донистам, ки гунаҳгори бохти ҷанг ҳамагон будаем. Он замон шумо дар ғами ҷони хеш будаед ва аз наздик омадани Искандар тарсида, маро қотил сохтаед, то ман гуноҳи ондунёиро ба гардан гираму шоҳро бикушам ва шумо дар ин муддат ҷон ба саломат баред... Ҳолиё донистам, ки шумо чӣ касед. Ба чашмам намерасад, ки шумо мулки Порсро нигоҳ дошта тавонед ва Суғду Бохтарро ҳифзу ҳимоя кунед... Шумо ба даҳонҷанг устоед. Ҳунаратон дар даҳонатон; ситоиш кунед ҳам, нафрин хонед ҳам.
(Андаке истод, ки шояд касе чизе гўяд. Ҳама хомўш буданд, афзуд:) Дигар ин ки дар нобуд сохтани якдигар шумо устухон надоред. Ба зарбаву ҳамлаи душмани беруна тобовар нестед. Гурезу фирорро дўст доред. Ба гумонатон гурезу ҳазимат беҳтарин роҳи раҳоист.
Андеша намекунед, ки гурез бохт аст, тарс аст.
Сотибарзан: (Тоқат наоварда) Гўё ки ту нагурехтӣ!?
Набарзан: Ман низ гурехтам аз дунболи шумо. Пиндоштам ин охирин гурез аст ва дигар мо ба ҷанг барнамегардем, ҳар кас аз пайи кори хеш мешавад ва касе даъвои шоҳӣ нахоҳад кард.
Бесус: (Хашмӣ.) Агар ту мехоҳӣ шоҳиро, туро нишонем бар тахт!?
Набарзан: На! Ман аз тухмаи шоҳон наям ва иддао низ надорам. Ҳар киро зебанда аст, шоҳ шавад. Вале шоҳиву шоҳигарӣ шартҳо дорад. Шубон шубонӣ кунад, кадевар кашоварзӣ.
Бесус: Агар ту донӣ он шартҳо, зебанда ҳастӣ низ тахтро.
Набарзан: Равшан бод Бесусро, ки он тахт соҳиб пайдо карда.
Искандар ба осонӣ надиҳад маснад.
Сотибарзан: Ин ҷосус аст, дўстон. Вагарна аз куҷо донад ин ҳамаро?
Набарзан: (Қоҳ-қоҳ зада) Чӣ зарурате ба ҷосусӣ? Аз кўҳҳои Олимп то Албурзу Ҳиндукуш ҳама донанд ин савдоро. Ва шумо аз каҷбинӣ маро муттаҳам карданӣ ҳастед, ки ман донаму шумо на.
Сотибарзан: Гуфторат хуб. Аммо натиҷааш равшан набувад.
Доро аз неши дашнаи ту мурд...
Набарзан: На-а-а... Он дашнаи ту буд. Ту гирифтӣ он дашнаро аз камари шоҳ Доро? Ту додӣ ба дасти ман? Ту «куш!» гуфтӣ. Ва чаро ҳолиё гунаҳгор донӣ маро? Ё пеш аз вақт гуфтугў шуда буд, ки ман ба ишораи ту он корро кунам ва ин маломат бандед ба пойи ман? Маҷлис шуда буд дар ин боб? Шуда буд! Қарор шуда буд? Шуда буд! Бесусро шоҳ мехонем, гуфта будӣ? Гуфта будӣ!
Акнун чӣ лаб каҷ мекунӣ? Мехоҳӣ, ки...
Бесус: Бас!
Набарзан: (Рў ба ў оварда) Чаро бас? Модом ки маро гунаҳгор ва муттаҳам кардан мехоҳед, ман бояд дод гўям. Шумо, ки додгурез ҳастед, ман додхоҳам. Ҳама аз аввал медонистед, ки аз дасти Дорои Кудумон ҷанг намеояд.

пешина
аз 411
навбатӣ