Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Мо бояд ҷанг мекардем.
Ҷояш омад, ки шумо тамошобин шудед ва дар ягон ҷанг номи Бесус набаромад. Шон сипаҳсолор буданд, мо сарфавҷ!
Садоҳо баланд шуданд:
— Бас!
— Айб!
— Магар ба ҷанг омадед?!
— Беҳбудиро бинед! Ояндаро андешед!
Бесус: (Ғазаб карда) Ту мехостӣ, ки ман номусбардори шоҳи беномус бошам?
Набарзан: Доро чандон беномус набуд, ки ту гумон мекунӣ.
Одами раҳмдил беномус намешавад. Дурандеш мешавад...
Бесус: Як баномус ту...
Набарзан: Дуввумаш ту!
Ва мағал шуд.
Садо: Шумо дар ҷанги байни худ устухон надоред!
Бесус: Шумо дар ҳар замон хонашери майдонғарибед!
Лаҳзае сукунат ба миён омад. Касе ба ҳарфи Бесус посух нагуфт. Бесус вонамуд мекард, ки иттифоқчиён дарди дил холӣ карданд. Аммо дар амал пушаймон буд, ки зери осмони кушод чунин гуфтугўй шуд. Ў чашмдор буд, ки сатрапҳо аз мурдани шоҳ Дорои Саввум шодмон гашта, сатрапи Бохтарро сарвар мехонанд ва инони давлатдориро ба ихтиёри ў медиҳанд, пасон шоҳ чӣ кор карданашро худаш медонад. Ҳоло низ бо чунин умед ба рўйи муқобилонаш намешўрад, то мурғи бахт бар китфаш нишинад.
Он гаҳ медонад бо душманон чӣ карданро ва аз ҳарфи андаке пеш гуфтааш пушаймон гашта, оҳанги сухан дигар кард.
Бесус: Мо хато кардем. Охирин шоҳи Эронро куштан лозим набуд. Сояи ў бас буд, ки мо давлатдор бошем. Вале чун ў нест, бояд чорае андешем. Якеро сарвар хонем ва зери дирафши ў мулкдорӣ кунем!
Сотибарзан: Охир, мо дар ин хусус гуфтугўй карда будем. Бесус бояд сарвари мо гардад.
Набарзан: Нияти ту рўшан: боз сатрапи Ориё будан хоҳӣ. Вале гумон надорӣ, ки рўзи Доро замоне ба сарат хоҳад омад. Як лаҳза кирдорҳои вазири хоин Боҳуйро ёд оред; чун ба куштан пардохт, тухми сулоларо бехт ва Дорои Кудумонро аз куҷое пайдо карда, аз дудмони Ҳахоманишиён донист.
Сотибарзан: Ту чӣ хоҳӣ!? Ман намефаҳмам, ки иддаоят аз чӣ рўст?
Набарзан: Иддаои ман аз он рўст, ки ту андеша бикунӣ, ғарра ба ваъдаҳои Бесус набошӣ. Зеро шоҳзодагон чун шоҳ шаванд, нахуст ҳолдону роздонҳоро нобуд кунанд.
Бесус: Чӣ газоф гўйӣ, нохалаф! Ба ман гуфта буданд, ки носипостар аз Набарзан касе дар олам набувад! Барои исботи ин даъво туро фармудем, то теғ бар Доро занӣ, собит кардӣ, ки ноҷавонмардтар аз ту касе набуда дар офоқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё