Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Сипоҳи размида ва корзордида, ки собиқаи зиёду таҷрибаи беназир дошт, чу барқу бод пешрў мерафт. Ҳиндувон бовар надоштанд ба чунин ситез, дасту по хўрданд. Зеро онҳо набарди рўёрў ва бо карнаю сурнай, табираву нақораро нигарон буданд ва умед доштанд, ки бо чолокиҳои ҳиндувона ва найрангҳои йогӣ пирўз гарданд бар душман. Вале ҳоло ғафлатзада ва фурўхта бинанд хешро.
Сипоҳи якҷояи Искандар саф-сафу фавҷ-фавҷ балоосо пахш карда меомад. Ҳиндуҳои даҳшатзада пас-пас рафта, афтону гурезон ҷой мешуданд ба коху кўшк, то дар паси деворҳои баланд адўро пешвоз гиранд. Ба назар фазои шаҳрро луху пари мурғони шағолбурда фаро гирифта буд ва болотар аз он лошахўрони сияҳдил ҷувозак мегаштанд. Лухҳои сабук аз сари деворҳои баланди диж гузашта, тори шорсон сайр мекарданд, вале сипоҳро гузаргоҳе набуд. Нардбонҳои зиёд лозим буд ба убур. Тадбир ҷустанд. Нардбоне пайдо шуд ва шоҳ Искандар онро бар девор рост гузошт. Чун хашму ғазаб фаро гирифта будаш, сипар пеш дошта, хирсосо часпида баромад чунон ки хирси асалхўр ба бурс.
Хашмиву асабӣ сари бора шуд. Ҳар ки пеш омад аз адў, аз тори девор пас афканд ё қалам кард бо шамшер. Се сипаҳбад – Павкесту Леоннату Абрей низ боло омаданд. Тирборон шуданд. Бо сипар пўшиданд сару танро. Чун илоҷи овард набуд, хешро аз сари девор андохтанд ба дарун. Чаҳор тан пушт ба девор дода, шамшер мезаданд чу кундоварон, чун Ахилли қаҳрамон. Ҳиндувон низ девонавор ба сайдҳои ба дом омада дарафтода буданд ва яқин доштанд, ки ҳоло бо шамшери адў қалам гарданд. Искандару ёронаш диданд, ки буни девор ҷой шуда ҷангидан чандон барор надорад, чаҳор тан пушт ба пушт гузошта ба чаҳор самт шамшеру найзаву жўпин меандохтанд. Сипарҳо пўшида буд танашонро.
Корзоре ва кирдоре буд. Ҳиндуҳо рў ба гурез оварданд ва дуртар рафта тирборон карданд чорёрро. Абрей аз сараш тир хўрд. Афтод аз пой. Воҳима гирифт шоҳро...
Арақ пахш кард сару тани шоҳ Искандарро, ки се тан бар зидди ҳиндувони бешумор чун истад? Диловар андар чунин андеша, тири тез бидарид ҷавшанашро ва гузашт то шуш. Хун ҷаст аз тани ў. Сипаҳдори ҳолиё бесипоҳ саргарми пархош пай набурд тир хўрданашро; тан надод ба захму ба хасм. Ғуррону ҷўшон буд чун шери захмӣ. Ёрон диданд тири сари синаи ростро, аммо илоҷ ва имкони кўмак надоштанд. Хуни зиёд рафт аз паҳлўи тир. Чашмони Искандар сиёҳӣ заданд. Мадораш рафт.
Искандар дигар чизеро ёд надорад. Павкести далер бо сипари муқаддасаш, ки шоҳ Искандар дар шаҳри Тро тўҳфа карда буд, ўро пешбанд кард. Онҳо андар даҳанаи гирдоби фано буданд...
Чун сипоҳ аз воҳима якбора бор шуданд нардбонро, вазни зиёдро бардошта натавониста шикаст. Пас онҳо бар китфи якдигар савор гашта нардбон сохтанд ва аз сари девор рехтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор