Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипоҳи ситезида низ дарвозаҳоро шикаста, деворҳоро афканда чу селоб шориданд ба дарун. Китф ба китф дода размиданд чу шерони нар. Пиндоштанд шоҳи мақдунӣ кушта шуд, хашмиву пурғазаб ҷангиданд. Овардгоҳ танг омад ҳиндувонро. Ҷой шуданд ба кўшку ҳарам. Сипоҳи Искандар хоки дижро бехт. Ҷондоре зинда намонд.
Искандарро зинда дарёфтанд. Беҳушу беёд буд. Бар сипараш хобонда, бардошта бурданд ба гардуна. Чун ба ҳуш омад, дўстон ва табибонро парешону ҳайрон дид, фармуд тирро баркашанд аз захми ў. Филипп табиби хоназодии шоҳ, ҳакимони порсӣ ба чашми шоҳ нигаристанд, ў бо ишораи чашм фармуд, то тирро кашида гиранд. Тири хаданги бар нўк пайкон дўхтаро бо эҳтиёту оҳиста бозгирифтанӣ шуданд; шоҳ абрў чин кард, лаб газид, дандон соид. Табиб чун дид азоби алими шоҳро, дастаи хаданги он қабза кард ва пуршаст кашид. Искандар беҳол гашт. Аз асари тир хуни тези шоҳи ҷавон фаввора зад. Боздоштани хун осон набуд.
Донишманде суғдӣ фармуд латтамуд кунанд. Ончунон карданд:
латтаву пахтаро сўхта, ба ҷароҳат пахш карданд ва хун бозмонд.
Осуда гашт шоҳ ва хоб бурд. Шоҳро аз сипар ба сафина гузарониданд, то даме ки саропардааш сохтанд.
Овоза шуд, ки шоҳ Искандари мақдунӣ фано пазируфта. Дар қаламрави Ҳинду Суғду Бохтар барқосо паҳн шуд ин хабар, вале то Олимпиада нарасида, дар Суғду Бохтар боз саркашиҳо шуд, балвоҳо бархост. Чун кирдорҳо ба гўши Искандари бемор расид, ғазаб кард, хунаш ҷўшид ва оҳанги дубора ба он ҷо расидан кард:
«Асб биоваред!»
Асб оварданд. Бар зин нишонданд. Аммо мадори саворӣ ва зўри набард надошт. Ў сайру саёҳат кард, то сипоҳиён ва баъзе душманон бинанду донанд, ки шоҳ Искандар зиндаву саломат аст.
Ўро гуфтанд: «Хуб нест, агар бемор канда шавад.»
Шоҳи якрав гўш накард. Дерёз сайр кард ҳавои гашти асбро пазируфта ва канда шуд.
«Агар боз ҷангидан пеш ояд, боэҳтиёт рафтор бояд кард»
– фармуд табиб.
«Мардонро корнамойӣ зебанда, на бистари беморӣ» – посух дод Искандар.
Аммо вазнин гашт бемориаш. Аз ҳар кишвар, шаҳру вилоятҳо ба аёдати бемор меомаданд; яке ғамӣ буду сад шодмон. Корвонкорвон тўҳфаву ҳадя ва хоста меомад. Таксилу Пор боз пилонро корвон ороста буданд; вилоятҳои қадами Искандар нарасида ё аз тарс ва ё аз он ки онҳоро аз ситами маллиҳову оксиартҳои ғаюру ғаддор озод кард; инчунин шаҳрҳои сари роҳ он қадар хоставу молу симу зар оварданд, ки Искандар бо ҷангу яғмогарӣ ба даст наоварда буд.

пешина
аз 411
навбатӣ